100 нафар донишҷў соҳиби стипендияи «Дўстӣ»-и Фонди «Хайрия»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2015. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз аввалин маросими супурдани стипендияи «Дўстӣ»-и Фонди «Хайрия»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 баргузор гардид. Дар он 100 нафар донишҷўи 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе соҳиби стипендия гардиданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди «Хайрия»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷўёни аълохон ва дар корҳои ҷамъиятии муассисаи таълимӣ фаъол, ятимон ва фарзандони оилаҳои камбизоати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 5 сол ба сад нафар донишҷў 1 миллион сомонӣ маблағ ҳамчун кумак ҷудо намудааст, ки он ҳар сол ба маблағи 2 000 сомонӣ ба ҳар як донишҷў туҳфа карда мешавад.
Дар маросими супоридани стипендияи мазкур намояндагони Фонди «Хайрия»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент», Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Фонди мазкур тасмим гирифтааст, ки ҳар сол маблағи 200 ҳазор сомониро ба 100 нафар донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тақдим намояд. Ин иқдоми фонди мазкур барои дастгирии молиявии донишҷўён ба роҳ монда шудааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






