А. Солеҳзода: «Дар фаъолияти ДМИТ муваффақиятҳои назаррас ба даст омадаанд»
ДУШАНБЕ, 16.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва кормандон баргузор шуд. Дар он Маҳмудхон Шоев, муовини сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, ҳисоботи ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДМИТ дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишкада дар муддати соли ҳисоботӣ буд.
«Ҷамъбасти соли 2016 бозгӯи он аст, ки дар фаъолияти ДМИТ муваффақиятҳои назаррас ба даст омадаанд, ки натиҷаи ташкили дурусти раванди таълим, роҳбарӣ, дастгирӣ ва назорати мунтазами фаъолияти ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва тамоми кормандон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳсулнокии меҳнати кормандони донишкада дар ҳамаи самтҳои фаъолияти таълимӣ беҳтар гардидааст. Дар соли ҳисоботӣ донишкада дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар байни 33 муассиса ҷойи чорумро сазовор гашт. Ҳамчунин донишкада дар озмуни «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» аз рӯйи бахши «Шароити мусоид» (фароҳам овардани шароит барои таҳсил ва зист) ғолиб омада, бо Ҷом ва Диплом мукофотонида шуд»,-зикр кард Ашурбой Солеҳзода.
Дар баробари қаноатмандӣ аз пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ, ҳамзамон ректор ба нуктаҳое таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки онҳо метавонанд дар рушди таълимгоҳ монеа эҷод намоянд. Аз ҷумла, ӯ иҷро нагардидани нақшаи нашр, бо сабаби нокифоя будани шумораи мақолаҳои илмӣ ба таъхир афтодани чопи маҷаллаи илмии «Паёми ДМИТ», ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул нашудани бархе аз муаллимони калон, камбудиҳо дар фаъолияти кории баъзе аз кураторон ва камбудиҳои ҷузъии фаъолияти сохторҳои алоҳидаро чун тақвияти эродҳои зикршуда таъкид кард.








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






