Қабули Қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ифтихори тамоми мардуми тоҷик аст

Декабрь 26, 2016 17:35

ДУШАНБЕ, 26.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Қабули муваффақонаи Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки  21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, ифтихори тамоми мардуми тоҷик аст. Мо шодем, ки Тоҷикистон ин гуна масъалаҳои сатҳи ҷаҳониро пешниҳод ва баррасӣ мекунад.

Ин матлабро Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ зимни ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба пазироии ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 иброз намуд.

Н. Салимӣ аз мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25-соли соҳибистиқлолӣ дар миқёси ҷаҳон сухан ронда, зикр кард, ки дар ин муддат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун кишвари созанда обрӯ ва эътибори хосса пайдо намуд. Маҳз бо корнома ва пайкорҳои Пешвои миллат тоҷикон тавонистанд, ки дар заминаи арзишҳои умумӣ, миллӣ ва таърихии худ аз нав ба ҳам биоянд ва ба созандагиҳои азим қадам монанд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин доктори илмҳои география, профессор Х. Муҳаббатов, доктори илмҳои таърих, профессор Н. Убайдуллоев ва донишҷӯи курси 4 факултети таърих Замира Қурбонова дар мавзӯъҳои марбут ба об маърӯза намуданд.

Дар маърӯзаҳо зикр гардид, ки масъалаи хатари дигар шудани иқлим, хушкшавӣ ё биёбоншавӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, обхезиҳои шадид ва дигар офатҳои табиӣ, ки аз вайрон шудани  эко-система ё низоми табиат дар тамоми ҷаҳон сар мезананд, бо масъалаи дастрасӣ ба об, паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи ифлос шудани об -ҳамаи инҳо масъалаҳои доғе ҳастанд, ки ба имрӯзу фардои тамоми ҷомеаи башарӣ иртибот доранд. Бинобар ин пешниҳоди Тоҷикистон дар масъалаи об саривақтӣ ва зарурӣ аст.

Иштирокдорон изҳори боварӣ карданд, ки даҳсолаи мазкур дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқ ва пешбарии лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи об, таҳкими ҳамкорӣ ва иштирок ҷиҳати татбиқи аҳдофи рушди устувори марбут ба захираҳои об мусоидат намуда, масъалаҳои таҳкими самараноки истифодаи захираҳои об ва ҳамгироӣ байни захираҳои об, ғизо ва муҳити зистро фаро мегирад.

Декабрь 26, 2016 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд