Ҳамоиши кормандони соҳаи тибби вилоятҳои Суғд ва Боткент дар «Баҳористон»
Душанбе, 01.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони соҳаи тандурустӣ ва дигар масъулони сохторҳои давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
«Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба ҳифзи саломатии модару кӯдак ва роҳи ҳалли муаммоҳо вобаста ба наврасон ва ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Барномаи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳмгузории ташкилоти ҷамъиятии «АНТИ» ва ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ роҳандозӣ гардид»,- хабар додааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, мақсади ҳамоиш, пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани муносибати дӯстона миёни аҳолии наздисарҳадӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкории судманди кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбутаи вилоятҳои Суғду Боткент буд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






