Ҳар як хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат бояд саҳмгузор бошад
ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоиши имрӯза Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти ВҲИ хабар доданд.
Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба аҳамияти бузурги Паём дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақомоти мусоидаткунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар самти баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон сухан гуфт намуд.
Зикр шуд, ки бо назардошти дастури Пешвои миллат ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати густариш додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бояд тамоми неру ва имконот сафарбар карда шавад.
Дар ҷараёни ҳамоиш паҳлӯҳои алоҳидаи Паёми Пешвои миллат аз ҷониби иштирокчиён таҳлил ва баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш Паёми Президентро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд саҳмгузор бошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






