Баррасии масъалаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон
ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон зимни маҷлиси ҳайати васеи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.
«Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода доир ба дастовардҳои вазорат дар соли 2016, мушкилоти ҷойдошта дар фаъолият ва вазифаҳо барои соли 2017 маърӯзаи ҳисоботӣ пешниҳод намуд. Дар ҷамъомад масъулин инчунин доир ба самтҳои фаъолияти худ гузориш доданд. Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд»,-зикр кард манбаъ.
Дар кори ҷаласа сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода иштирок карда, дар маҷмўъ ба фаъолияти вазорат баҳои мусбат дод.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






