Баррасии масъалаи фишори пасти оби нӯшокӣ дар биноҳои баландошёнаи пойтахт
ДУШАНБЕ, 20.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи фишори пасти оби нӯшокӣ дар биноҳои баландошёна, зиёд ҳисоб кардани ҳаққи истифодаи об ва дигар масъалаҳои марбут ба оби нӯшокӣ имрӯз, 20 декабр зимни ҳамоиши «Шӯрои машваратии ҷамъиятӣ — механизми иштироки шаҳрвандон дар таъминоти оби нӯшокӣ» баррасӣ гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Кормандони «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон» Фаридун Шоимбеков ва Шифо Шарифзода ба иштирокчиён вобаста ба механизми иштироки шаҳрвандон дар таъминоти оби нӯшокӣ, муроҷиати шаҳрвандон ба КВД «Обу корези Душанбе», сарфаи вақти муроҷиаткунандагон ва мушкилот дар ҳалли таъмини оби нӯшокӣ маълумот доданд»,-иттилоъ дод манбаъ.
Зикр гардид, ки пас аз таъсиси Шӯрои машваратии ҷамъиятӣ дар назди КВД «Обу корези Душанбе» бархе аз мушкилот дар ин самт ҳалли худро ёфт.
Бино ба гуфтаи намояндаи Корхонаи «Обу корези Душанбе» Саидмурод Қаландаров, то имрӯз масъалаи таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе муаммои зиёд дорад. «Паст будани сифати оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур яке аз масъалаҳои матраҳгардидаи шӯро буд. Фикр мекунам дар ояндаи наздик тамоми ин мушкилот бартараф мегарданд. Масъалаи дигаре, ки истеъмолкунандагонро имрӯз ба ташвиш овардааст, ин нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти қубурҳои дохили бино ва бо об таъмин намудани маҳалҳое, ки аз рӯи реҷаи муайян бо об таъмин мегарданд, мебошад. Шӯро дар сомонаи Фейсбук саҳифаи маъсус дорад ва тамоми истемолкунандагон имкон доранд тавассути ин сомона ба шӯро муроҷиат намоянд»,-афзуд мусоҳиб.
Зимни ҳамоиш истеъмолкунандагон пешниҳод намуданд, ки дар назди Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон телефони боварӣ таъсис дода шавад, то шаҳрвандон тариқи ин телефон тавонанд проблемаҳои рӯзмарраи худро баррасӣ намоянд.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






