Баррасии масъалаи тақлидкории занону духтарон ба фарҳанги бегона
ДУШАНБЕ, 24.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи Ҷамоати деҳоти Корез ва дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистон бо иштироки занону духтарон ва раисони маҳалла ҳамоиш доир намуд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш масъалаи пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон, ноболиғон аз қабили содир намудани ҷиноят, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, худкушию худсӯзӣ, шомилшавии занону духтарон ва ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ифротӣ, тақлидкории занону духтарон ба фарҳанги бегона, ҷудошавии оилаҳо баррасӣ гаштанд.
Мутахассисон инчунин муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба иштирокчиён манидод намуданд.
Инчунин дар кохи фарҳанги ноҳияи Хуросон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия оид ба моҳияти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати пешгирии роҳи ҳама гуна зуҳуроти зӯроварӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон, занону бонувон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, содиршавии ҷиноят ва ҳодисаҳои номатлуб, тақлид ба фарҳанги бегона, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ҷудошавии оилаҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии шаҳрвандон, махсусан занону духтарон бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ доир гашт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






