Беморхонаи минтақавии рақами яки шаҳри Ваҳдат бо барқи доимӣ таъмин гардид

Декабрь 9, 2016 11:15

vahdat-bemorhonaВАҲДАТ, 09.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маъмурияти беморхонаи шаҳри Ваҳдат барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017
208 тонна ангишт, 280 метри кубӣ ҳезум, 6 адад гармидиҳандаи барқӣ ва 151 адад печкаи аловӣ аз ҳисоби буҷаи маҳалӣ харид намуда, беморхонаҳои минтақавӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳрро таъмин карданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ Ховар раиси Кумитаи иттифоқи касабаи беморхонаи шаҳр Ҳафиз Худойназаров иттилоъ дод.
«Масъулини беморхонаи минтақавии рақами яки шаҳр иброз намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Ваҳдат беморхонаи мазкурро бо барқи доимӣ таъмин намуд. Барои зимистонгузаронӣ 16 тонна ангишт, 5 метри кубӣ ҳезум захира шудааст. Айни замон беморон дар ҳуҷраҳои гарм табобат мегиранд»,-афзуд манбаъ.

Декабрь 9, 2016 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд