Дар интизории қуръакашӣ ё натиҷагирӣ аз анҷоми бозиҳои гурӯҳии Лигаи Аврупо
ДУШАНБЕ, 9.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз даври шашуми бозиҳои гурӯҳии Лигаи Аврупо хотима ёфт ва дастаҳое, ки муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд, муайян гардиданд.
Ба ҳамин тартиб дастаҳои зерин ба бозиҳои 1/16- финалӣ роҳхат гирифтанд:
«Манчестер Юнайтед» (Англия), «Фенербахче» (Туркия), «Олимпиакос» (Юнон) АПОЭЛ (Кипр), «Андерлехт» (Белгия), «Сент-Этен» (Франсия), «Зенит» (Россия), «АЗ Алкмаар» (Голландия), «Рома» (Италия), «Астра» (Руминия), «Атлетик» (Испания), «Генк» (Белгия), «Аякс» (Голландия), «Селта» (Испания), «Шахтер» (Украина), «Гент» (Белгия), «Шалке» (Германия), «Краснодар» (Россия), «Фиорентина» (Италия), ПАОК (Юнон), «Спарта» (Чехия), «Хапоэл» (Б-Ш, Исроил), «Вилярреал» (Испания), «Османлиспор» (Туркия).
Муборизаро барои Ҷоми Лигаи Аврупо ҳамчунин 8 дастаи мақоми сеюми Лигаи чемпионҳо идома медиҳанд, ки инҳоянд: «Лудогоретс» (Булғория), «Бешикташ» (Туркия), «Боруссия» (М, Германия), «Ростов» (Россия), «Тоттенхэм» (Англия), «Легия» (Полша), «Копенгаген» (Дания), «Лион» (Франсия).
Рӯзи душанбе, 12 декабр қуръакашии бозиҳои 1/16 финалии ин мусобиқа дар шаҳри Нийони Франсия баргузор мешавад. Аз сабаби он, ки бозии байни дастаҳои «Сасулло» ва «Генк» аз сабаби вазъи номусоиди ҳаво ба рӯзи ҷумъа гузаронида шуд, дастаи «Генк» метавонад дар сурати мусовӣ муборизаро барои Ҷоми Лигаи Аврупо идома диҳад.
Аз намояндагони футболи Иттиҳоди давлатҳои мустақил Россия бо се даста ва Украина бо як даста муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд.








Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд






