Дар Норак барои назорати тайёрии муассисаҳои таълимии шуъбаи маориф ба давраи зимистони солҳои 2016 — 2017 Ситод ташкил шудааст
НОРАК, 14.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Барои фаъолияти самарабахши муассисаҳои таълимии шаҳри Норак дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 104 ҳазору 456 сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ Ховар мудири маорифи шаҳр Алимурод Исмоилов иттилоъ дод.
«Аз 37 муассисаи таълимии шаҳр дар 15 адади он 24 тонна ангишт, 6384 дарза ҳезум ва 643 литр сўзишвории дизелӣ захира шудааст. Инчунин 17 муассисаи таълимии дигар бо барқи доимӣ таъмин буда, бо гармкунакҳои барқӣ ва як ададӣ генератор таъмин карда шудаанд»,-зикр кард манбаъ.
Дар шаҳр Ситоди доимоамалкунанда ҷиҳати фаҳмидани тайёрии муассисаҳои таълимии шуъбаи маориф ба давраи зимистони солҳои 2016 — 2017 ташкил карда шудааст. Ситоди мазкур пайваста гарм нигоҳ доштани синфхонаҳои хонандагонро назорат мекунад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






