Дар осоишгоҳи «Тандиқул» дар як сол зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ шифо меёбанд
Лахш, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар ноҳияи Лахш барои рушди туризм ду хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки он дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии ноҳия пешниҳод гардид. Инчунин осоишгоҳи «Тандиқул» фаъолият мекунад, ки дар як сол зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар он шифо меёбанд»,-изҳор дошт мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Усмоналӣ Сафаров.
Ба иттилои манбаъ, соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Лахш мавсимӣ буда, аз моҳи май то моҳи октябр идома меёбад. Дар ин давра шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва берун аз он ба ноҳияи мазкур сафар мекунанд. Дар давраи зимистон аз сабаби дурии роҳ ва сардии ҳаво марказҳои сайёҳӣ фаъолият намекунанд.
«Дар ноҳия «Барномаи маҳаллии рушди туризм барои солҳои 2016 2017» амал менамояд. Дар ҳудуди ноҳия ҳамасола «Экспедитсияи байналхалқии кӯҳнавардӣ» бо иштироки кӯҳнавардони дохилию хориҷӣ барои фатҳи қуллаҳои И. Сомонӣ, В. Корженевский ва пиряхи Федченко баргузор мегардад»,-илова кард У. Сафаров.
Соли равон зиёда аз 200 нафар сайёҳон муддати як моҳ дар ноҳия меҳмон буданд.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






