Дар Спитамен ба маблағи 74 млн 368 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз таҳти раёсати Раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2016 маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
«Тибқи ҳисоботи раёсати молияи ноҳия нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра 95,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 43 миллиону 988 ҳазор сомонии нақшавӣ ба буҷет 42 миллиону 156 ҳазор сомонӣ андозу даромадҳои гуногун ворид гардиданд. Ин рақам нисбат ба нақша ба маблағи 1 миллиону 832 ҳазор кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 3 миллиону 193 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад»,-иттилоъ дод манбаъ.
Ҳамчунин дар ёздаҳ моҳи соли равон ба маблағи 74 млн 368 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 баробар зиёд мебошад. Илова бар ин дар ёздаҳ моҳи соли равон 18 иншооти таъйиноташон гуногун, аз ҷумла, 5 корхонаи саноатӣ, 2 мактаб, 1 кӯдакистони хусусӣ, 1 толори варзишӣ ва дигар биноҳои хизматрасонӣ бунёд шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






