Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ иди касбии кормандони мақомоти молияро таҷлил карданд

Декабрь 7, 2016 14:35

Вазорати молияДУШАНБЕ, 07.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2011 инҷониб мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар Вазорати молияии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Дар ҷамъомад Ҷамшед Каримзода, муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни табрики кормандони мақомоти молия гуфт: «Рӯзи кормандони мақомоти молия бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми қонунӣ гирифт. Ин бори дигар аз қадрдониву дастгирии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони мақомоти молия шаҳодат медиҳад. Мо бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосӣ қарор дода, истифодаи самараноки ҳамаи воситаҳои молиявиро барои идомаи корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоем».
«Даврони соҳибистиқлолӣ барои Вазорати молия ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ давраи оғози тадбирҳои нави молиявӣ буд. Ҳоло метавон гуфт, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба инкишоф ниҳодааст»,- зикр кард Ҷ. Каримзода.

Декабрь 7, 2016 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад