Дар вилояти Суғд сомонаи нави сайёҳӣ фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи туризм ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба минтақаҳои дидании вилояти Суғд аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят бори нахуст сомонаи нави интернетӣ бо суроғаи www.welcomesugd.tj фаъол карда шуд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.
«Иқдоми мазкур бо мақсади муаррифии ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба вилоят роҳандозӣ гардид»,-зикр кард манбаъ.
Дар сомонаи мазкур имкониятҳои сайёҳии вилоят ба намоиш гузошта мешаванд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






