Дидори сафири Тоҷикистон бо Раиси Додгоҳи олии қонуни асосии Миср
Душанбе, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабри соли 2016 Раиси Додгоҳи олии қонуни асосии Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср иттилоъ доданд.
«Дар дидори мазкур, ки бо ташаббуси ҷониби мисрӣ баргузор гардид, пиромуни масъалаҳои барқарорӣ ва густариши ҳамкорӣ байни Додгоҳи олии қонуни асосии Миср ва ниҳоди ҳамтои он дар Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин замина Раиси Додгоҳи олии қонуни асосии Миср таъкид намуд, ки ҷониби мисрӣ хоҳони барқарории чунин ҳамкорӣ бо кишвари мо ҷиҳати мубодилаи маълумот ва таҷрибаи додгоҳӣ мебошад»,-хабар доданд аз Сафорат.
Додгоҳи олии қонуни асосӣ мақоми олии додгоҳӣ дар Миср буда, вазифаи аслии он назорати созгории қонунҳо бо моддаҳои Қонуни асосии кишвар мебошад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






