Фаъолияти маъмуриятҳои муваққатӣ дар «Тоҷиксодиротбонк» ва «Тоҷпромбонк» анҷом ёфт

Декабрь 14, 2016 11:43

ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 декабри соли равон фаъолияти маъмуриятҳои муваққатӣ дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» ба анҷом расид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои бонк, «мутобиқи моддаи 61-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» дар асоси қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти маъмуриятҳои муваққатӣ дар ин ду бонк ба анҷом расид».
Дар робита ба қарорҳои мазкур, роҳбарияти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» уҳдадор карда шуданд, ки дар муддати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбуди вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Декабрь 14, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад