Фаъолияти ТҚХ «Гендер ва тараққиёт» ва ТҚХ «Танаис» қатъ гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва аризаҳои барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз ҷониби ҶДММ ТҚХ «Гендер ва тараққиёт» ва ҶДММ ТҚХ «Танаис» 28 декабри соли равон, бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои қарзии номбурда қатъ карда шуд.
Тавре ки аз БМТ хабар доданд, тибқи қарорҳои мазкур иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурди номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 25 июли соли 2005 ва 4 январи соли 2006 барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудаанд, бозхонд гардиданд.
Мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ «Гендер ва тараққиёт» ва ҶДММ ТҚХ «Танаис» уҳдадор карда шудаанд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзии номбурда комиссияҳои барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.
Ҳамчунин комиссияҳои барҳамдиҳӣ вазифадор карда шудаанд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти зарурӣ пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






