Футбол: мусобиқа барои ҷоизаи Александр Кирсанов ба анҷом расид

Декабрь 27, 2016 10:11

ДУШАНБЕ, 27.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи анъанавии футболбозон аз футзал барои хотира ва ҷоизаи собиқ бозингари дастаҳои «Помир»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Ирригатор»-и Душанбе Александр Кирсанов дар Маҷмааи варзишии Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ), ки беш аз як моҳ давом кард, ба анҷом расид.
Мусобиқаи имсола дар се гурӯҳ футболбозони касбӣ, дӯстдорони футбол (ғайрикасбӣ) ва собиқадорон гузаронида шуд.  Миёни дастаҳои касбӣ футболбозони «Соро компания» ва «Газпром» дар бозии ниҳоӣ бо ҳам қувва озмуданд.  Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 3:3 ба анҷом расид. Барои муайян кардани ғолиб зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ таъйин шуданд.  «Соро компания» бо ҳисоби 5:4 ғолиб омада, соҳиби ҷои аввал гардид.
Натиҷаи ҷамъбастии мусобиқа дар гурӯҳҳо чунин аст:

Гурӯҳи футболбозони касбӣ
Бозӣ барои ҷои сеюм
«Бонки миллӣ» — «Вавилон»  7:11

Финал
«Газпром» — «Соро компания»  3:3. Аз зарбаҳои пеналти  4:5

Гурӯҳи дӯстдорони футбол (ғайрикасбӣ)
Бозӣ барои ҷои сеюм
ФФТ  Кумитаи андоз  4:10

Финал
«Вавилон» — «Динамо»  4:2

Гурӯҳи собиқадорон
Бозӣ барои ҷои сеюм
«Роҳи тоҷик»  «Ирригатор»  3:7

Финал
«Динамо» ВКД  Академияи «Истиқлол»  2:3

Декабрь 27, 2016 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад