Хадамоти гумрук маҳсулоти ба саломатии инсон зарароварро ошкор кард
ДУШАНБЕ, 21.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати минтақавии гумруки дар шаҳри Душанбе баҳри пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани молу маҳсулоти тавассути қочок ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, инчунин аз муомилот гирифтани молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии шаҳрвандон хатардошта санҷишҳо гузаронид. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Зарифи Маҳмадшариф, директори генералии ҶДММ «Кишвар-2010» аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон ба содир намудани ҷиноят даст задааст. Ӯ дидаю дониста маҳсулотеро, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ намебошад, ба фурӯш баровардааст»,-хабар дод манбаъ.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук, прокуратура ва амният аз дохили анборҳои ҶДММ «Кишвар-2010» арақҳои тамғаи «Вайбер», «Кишвар», «Хӯшаи гандум», «Тоҷикистон кишвари ман», «Мирная водка», «Зелёный газон», «Секрет фирмы», «Дедушкин запас», «Гандумӣ», «Чистая проба», «Столичная», «Ашки гандум», «Сарез» ва конякҳои тамғаи «Кремлин», «Белый аист», «Кишвар», «Чёрный элексир», «Чёрный аист», «Жемчуг», «Столичная» ба микдори зиёда аз 15 000 адад шишаҳои гуногунҳаҷм ва зиёда аз 5000 литр машруботи спиртии тайёршуда, ки дар зарфҳои махсуси калонҳаҷми дохили ширкат нигоҳ дошта мешуданд, ёфта гирифта шуданд.
«Мувофиқи хулосаҳои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе машруботи спиртии аз корхона ва анборхонаҳои ҶДММ «Кишвар-2010» дарёфтшуда машруботи спиртии ба талаботи стандарти давлатӣ номутобиқ буда, дорои сифати паст мебошад. Истеъмоли он ба саломатии инсон хатарнок мебошад»,- зикр намуд манбаъ.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






