Хатсайри Истанбул-Душанбе-Истанбул фаъол гардид

Декабрь 6, 2016 12:00

Душанбе, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз сабаби ҷой доштани норасоии техникӣ (VOR/DME) дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва шароити номусоиди ҳавои минтақа рӯзҳои охир дар хатсайрҳои «Истанбул-Душанбе-Истанбул» -и Ширкати ҳавопаймоии туркӣ (Turkish Airlines) аз 25 ноябр боздошти муваққатӣ ба миён омада буд.
Тавре ки аз ширкати хавопаймоии «Турк Ҳаво Йоллари» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи музокирот бо мақомоти Сарраёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон тамоми мушкилоте, ки ба бехатарии парвоз таъсир расонида метавонистанд, бартараф карда, ба ширкати туркӣ роҳҳои алтернативӣ пешниҳод шуданд.
Шурӯъ аз 2 декабр бо мусоид шудани ҳаво ва техникаи алтернативӣ ширкати туркӣ парвозҳоро ба самти Истанбул-Душанбе-Истанбул фаъол намуд.
Ширкати ҳавопаймоии туркӣ (Turkish Airlines ), ки ба бехатарии парвоз ва мусофирон диққати аввалиндараҷа медиҳад, барои нороҳатӣ аз мусофиронаш маъзарат хоста, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки хатсайрҳо аз ин пас тибқи нақшаи пешгирифта ба роҳ монда мешаванд.

Декабрь 6, 2016 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад