Хушунат дар оила аз масъалаҳои кӯчак маншаъ мегирад

Декабрь 6, 2016 14:32

Хоруғ, 06.12. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила» бо ширкати намояндагони созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ машварат баргузор гардид. Тавре аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, аксарияти оилаҳои тоҷик мушкилоти хушунати хонаводагиро пинҳон нигаҳ медоранд ва пас аз рух додани ягон ҳодисаи нохуш дар ҷустуҷӯи сабабҳои он мешаванд.
«Аз таҷрибаи чандсолаи фаъолиятамон аён гардид, ки бештари ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила аз масъалаҳои комилан пуч ва майда сар мешаванд. Масалан шавҳар аз кор ба хона меояд. Занаш пеши дар дарзмол дар даст дод мезанад, ки ту чӣ гуна мард ҳастӣ, ки як ҳафта боз ин дарзмолро таъмир карда наметавонӣ? Кӯдакон чанд рӯз боз бо куртаҳои ғиҷим ба мактаб мераванд. Шарм намедорӣ? Шавҳар дар ҷавоб мегӯяд, ки ман кор кунам ё дарзмоли туро таъмир?
Бубинед, гоҳо чунин баҳсҳои ночиз боиси хархашаҳои калон шуда, то ба ҷудоии оилаҳо бурда мерасонанд. Дар ин гуна ҳолатҳо яке аз тарафҳо бояд гуноҳро ба гардан мегирифт ва ё сукутро ихтиёр мекард. Баъди суҳбат аксарияти занон аз кори худ изҳори пушаймонӣ мекунанд. Зеро дарзмол хоҳ нохоҳ таъмир карда мешавад, аммо «захм»-и забон то дер гоҳ дар дилҳо боқӣ мемонад ва сабаби аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо мегардад»,-гуфт роҳбари Иттиҳодияи ҷамъиятии «Адолат» Фаросатмоҳ Ғаюрова.
Дар машварат мисолҳои зиёде оид ба зӯроварӣ дар оилаҳо оварда шуданд ва ҳозирин оид ба роҳҳои ҳалли мусбати онҳо андешаҳояшонро баён намуданд. Гуфта шуд, ки минбаъд ба чунин семинарҳо бештар оилаҳои ҷавон даъват карда шаванд, то онҳо аз зиндагӣ ва таҷрибаи занони рӯзгордида баҳра баранд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ВМКБ Сайёра Замирова гуфт, ки ин гуна суҳбатҳои муфид барои паст кардани мизони хушунат ва зӯроварӣ дар оила таъсири мусбат мегузоранд. Ҳангоми баҳсу мунозира аён гардид, ки нисфи иштирокдорони ин машварат оид ба «Қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» маълумоти кофӣ надоранд.
Қонуни мазкур аз 4 боб ва 27 модда иборат буда, 10 декабри соли 2012 МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи замон ба он тағйиру иловаҳо ворид намуд.

Декабрь 6, 2016 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад