Ифтитоҳи Маркази ҷамъиятии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Хоруғ
ХОРУҒ, 09.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон Маркази ҷамъияти рушди соҳибкорӣ дари худро ба рӯи соҳибкорони вилоят боз намуд. Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед боз гардидани нахустин маркази ҷамъиятии рушди соҳибкориро як иқдоми умедворкунанда дар роҳи равнақу ривоҷи ҳамкории бахши хусусию давлатӣ ба мақсади коҳиши бекорӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии сокинони вилоят шумурда, аз масъулини маркази мазкур даъват намуд, ки ҳангоми интихоби лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва ҷудо кардани маблағ ба натиҷаи дурнамои фаъолияти корхонаҳо аҳамияти хос зоҳир намудан зарур аст. «Дар чанд соли охир даҳҳо корхонаҳои хурди истеҳсолӣ мисли занбурӯғ аз ҳастиашон дарак дода, баъди ба даст овардани грант як-ду сол фаъолият карда, худро муфлис эълон мекунанд»,-гуфт Шодихони Ҷамшед.
Маркази соҳибкорӣ таваҷҷуҳи бештари худро ба таъсиси он корхонаҳои хурди истеҳсолӣ равона мекунад, ки бо истифода аз маҳсулоти хоми маҳалӣ ин ё он мавод истеҳсол менамоянд. Раҳбари ин марказ Озод Давлатшоев гуфт, ки «дар баробари ҷудо кардани маблағ, ҳамчунин бо дархости соҳибкорон барояшон таҷҳизоти дилхоҳ дастрас мекунем. Мутобиқи қарордод дар оянда ин корхонаҳо уҳдадор мешаванд, ки пас аз чанд муддати фаъолияти мунтазам ва ба даст овардани фоида ба суратҳисоби марказ маблағи муайян интиқол диҳанд. Бо истифода аз ин маблағ дар оянда боз лоиҳаҳои дигар дастгирӣ меёбанд».
Дар ҳудуди вилоят наздики 48 корхонаи хурди истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, ки бештари онҳо ба тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ машғул мебошанд.
Дафтари кории Маркази рушди соҳибкорӣ дар бинои сетабақаи Маркази экофарҳангии Помир, ки тобистони соли равон бо ширкати бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз гӯшаҳои зебои боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ифтитоҳ гардид, ҷо гирифтааст.








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






