Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Декабрь 21, 2016 09:09

ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Тибқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 3 то 8 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят то 5 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон рӯзона ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе маврид тумани ғафс мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 21, 2016 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад