Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан
01.12.2016, Чехия
Мӯҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Сараввал, мехостам қаноатмандии хешро аз натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Чехияи дӯст, Ҷаноби Олӣ Милош Земан ва дигар шахсони расмӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ният баргузор гардиданд, иброз намоям.
Музокироти мазкурро мо ҳамчун идомаи муколамаи созандаи байни ду кишвар дар сатҳи баланду олӣ медонем ва натиҷаҳои онҳоро самарабахш арзёбӣ менамоем.
Дар ҷараёни сӯҳбати хоса ва музокироти васеи ҳайатҳо мо маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додем.
Мо инчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ табодули андеша намудем.
Зимни сафар бастаи нави санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расид, ки асоси шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои моро васеътар гардонид.
Тоҷикистон дар стратегияи байналмилалии худ ба самти аврупоӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад.
Робитаҳои мо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, бахусус бо Ҷумҳурии Чехия дар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобила ташаккул ёфтаанд.
Мо Чехияро дар Аврупо ба сифати шарики муҳими худ эътироф кардаем ва аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷонибаи худ бо он изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Ҳамзамон, таъкид карданиам, ки барои рушду тавсеаи онҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди тавҷҷӯҳи тарафайн имкониятҳои фарох вуҷуд доранд.
Соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату энергетика, сармоягузорӣ, маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ, туризм ва амният аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки ду кишвар метавонанд дар онҳо доираи робитаҳояшонро тавсеа бахшанд.
Зимнан, мо ҳавасмандии худро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардондани ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт эълом намудем.
Дар рафти музокирот ба масъалаи рушди ҳамкориҳо дар бахши хусусӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.
Мо даъват ба амал овардем, ки ширкатҳои чехӣ бо истифода аз технологияҳои навин ва сармояи худ дар иқтисодиёти мо фаъолият намоянд ва омодаем, ки ба онҳо шароити мусоид фароҳам созем.
Ҷониби Тоҷикистон инчунин бар он назар аст, ки рушди робитаҳои гуманитарӣ доираи муносиботи дуҷонибаи кишварҳоямонро дучанд васеъ хоҳад гардонид.
Мо таҳсили донишҷӯёни тоҷикро дар донишгоҳҳои Чехия ва табодули устодону толибилмонро ҳамчун омили таҳкимбахши ин раванд медонем.
Ҷонибҳо манфиатдории худро аз рушди тамосҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.
Зимнан, мавқеи ҳамсон ё ягонаи ҷонибҳо барои тақвияти мубориза алайҳи чунин падидаҳои харобиовари ҷаҳони муосир, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ таъкид гардид.
Дар рафти музокирот мо атрофи қазияи Афғонистон мубодилаи афкор намудем.
Вобаста ба масъалаи мазкур мо ба натиҷа расидем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд муттаҳидона баҳри истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути мусоидат ба эҳёи иҷтимоию иқтисодии он чораҳои муассир андешад.
Дар хотима, мехоҳам бори дигар ба ҳамтои худ, Президенти мӯҳтарами Чехия барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, ҳамчунин меҳмоннавозӣ дар сарзамини Чехия изҳори сипос намоям.
Ташаккур.








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






