КФ «Диси-Инвест» — чемпиони секаратаи Тоҷикистон оид ба футзал гардид

Декабрь 7, 2016 13:30

ДУШАНБЕ, 07.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Диси — Инвест»-и Душанбе дар  мусобиқаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон баъди ғалаба дар даври навбатӣ бар дастаи «Соро компания» бо натиҷаи 5:2 пеш аз муҳлат маротибаи сеюм унвони чемпиониро соҳиб шуд. Дар ин бора аз Лигаи футзали Тоҷикистон хабар доданд.

«Барои КФ «Диси — Инвест» ғолиб омадан дар вохӯрӣ бо дастаи «Соро компания ниҳоят муҳим буд. Дар оғоз «Соро компания» ба чемпион муқобилияти сахт нишон дода, бо ду голи Алиҷон Ҳабибуллоев ва Соҳиб Рауфов ба сафи пеш баромад ва «Диси -Инвест»-ро дар ҳолати ногувор гузошт. Аммо чемпионҳо ба худ омада, то анҷоми нимаи аввал ҳисобро баробар карданд ва дар нимаи дуюм боз се тӯби дигарро ба дарвозаи меҳмони худ зада, бо натиҷаи 5:2 пирӯзӣ ба даст оварданд ва чемпиони Тоҷикистон гардиданд»,-иттилоъ дод манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал 8 даста ширкат мекунанд. Алҳол дастаи «Газпром» дар зинаи дуюм ва «Соро компания» дар мақоми сеюм мебошанд.

Тартиби ҷадвали мусобиқот чунин шакл гирифтааст:

    Б Ғ М Б Т\т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 24 23 1 0 157-44 70
2 «Газпром» (Душанбе) 23 18 1 4 196-89 55
3 «Соро компания» (Душанбе) 26 16 2 8 149-73 50
4 «Сипар» (Хуҷанд) 27 14 2 11 166-118 44
5 «Карон» (Душанбе) 23 10 0 13 121-123 30
6 «Самандар» (Турсунзода) 23 5 0 18 82-148 15
7 «Иттиҳод» (Душанбе) 25 4 0 21 93-182 12
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 22 3 0 19 50-234 9

 Нишонзанҳои беҳтарин:  Шерзод Ҷумъаев («Газпром») – 70 тӯб, Меҳрубон Тиллозода («Газпром») – 57 , Сиёвуш Қаюмов («Соро компания») – 43 тӯб.

 

Декабрь 7, 2016 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад