Криштиану Роналду беҳтарин варзишгари Аврупо дониста шуд
ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари португалии клуби футболи «Реал»-и Мадрид Криштиану Роналду дар қитъаи Аврупо варзишгари беҳтарини сол эълон гардид. Дар ин бора натиҷаи пурсишҳои 27 Агентии иттилоотии кишварҳои Аврупо ба назар гирифта шудааст,- хабар медиҳад «El Mundo Deportivo » 27 декабри соли 2016.
Ба қатори сегонаи варзишгарони беҳтарини Аврупо ҳамчунин теннисбоз Энди Марей (рақами 1 АТР, Англия) ва шиновари венгриягӣ Катинка Хоссу, соҳиби се медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Риоде-Жанейро- 2016 шомил шуданд.
Пурсишро Агентии иттилоотии «Polska Agencja Prasowa» гузаронидааст.
Криштиану Роналду 12 декабри соли равон маротибаи чорум соҳиби унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон гардида, ҷоизаи «Тӯби тилло»-ро ба худ ихтисос дод. Ӯ дар соли 2016 унвони чемпиони Аврупоро дар ҳайати дастаи мунтахаби Португалия ба даст оварда, бо «Реал» соҳиби Ҷоми Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо гардид.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






