Маблағи ҷоизавии мусобиқаи «Australian Open» 14 фоиз баланд шуд

Декабрь 22, 2016 14:11

ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маблағи ҷоизавии мусобиқаи байналмилалии теннисбозон- «Australian Open» дар соли 2017 ба 36,26 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба соли 2016 14 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора нашрияи «Sport Review» аз суханони таъсисдиҳандагони мусобиқа хабар медиҳад.
Ин маблағ барои ин мусобиқа рекордӣ буда, ғолибони рақобатҳои занона ва мардона соҳиби 2,7 миллион доллар мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи теннисбозон- «Australian Open» аз 16 то 29 январи соли 2017 дар Мелбурни Австралия баргузор мешавад.
Дар бозии ниҳоии соли 2016 байни мардон Новак Ҷокович (Сербия) бар Энди Маррей (Англия) бо нишондоди 6-1, 7-5, 7-6 ғолиб омад.

Декабрь 22, 2016 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад