Махфират Хидирзода: «Бояд ба ҷавонон роҳи дурусти зиндагиро нишон дод»
ҚӮРҒОНТЕППА, 20.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Xидирзода дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ҷаласа ҳисоботи Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят оид ба фаъолият дар соли 2016 шунида шуд. Инчунин масъалаи фаъолияти як зумра Раёсату идораҳои вилоятӣ ва кори шӯроҳои навоҳии Вахш, Бохтар ва Ҷалолиддини Балхӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
«Фаъолияти шӯроҳо дар шаҳру навоҳӣ бояд пурзӯр карда шавад. Хамчунин имрӯз моро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷоннок карда, махсусан ба ҷавонон роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳем»,-иброз дошт муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни ҷаласа.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






