Маркази ҳунаромӯзии «Хайёт» занону духтаронро ҳунарманд мекунад

Декабрь 24, 2016 09:20

ХОРУҒ, 24.12.2016. /АМИТ Ховар/. Маркази ҳунаромӯзии «Хайёт» дар маркази шаҳри Хоруғ аз аввали солҳои 2000-ум ба фаъолият оғоз кард. Раҳбари ин марказ Бибиноз Мирзоева зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «пас аз соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ ва боз гардидани дарвозаи Тоҷикистон ба рӯи кишварҳои дуру наздик таваҷҷуҳи занону духтарон ба расму суннат ва эҳёи ҳунарҳои дастии ниёгон рӯ ба афзоиш ниҳод. Иддае аз духтарон дар назди модарон, занони ҳунарманди ҳамсоя ё деҳа  ҳунару истеъдодашонро такмил медоданд, аммо  бисёр хоҳишмандон дар канор мемонданд. Инро ба инобат гирифта, соли 2007-ум мо ин марказро таъсис додем. Дар давоми наздик ба даҳ сол бештар аз 500 нафар духтаронро ба омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагию бофандагӣ ва таомпазӣ ҷалб намудем».

Ба гуфтаи Бибиноз Мирзоева, дар шароити имрӯза ҳар як духтари тоҷик бояд ҳунари дӯхтану бофтану пухтан дошта бошад ва баъдтар ин ҳунари худро ба фарзандонаш омӯзонад.

«Фаъолияти пурсамар ва натиҷабахши марказ имкон дод, ки дар соли аввали таъсис ба гирифтани 40 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ ноил гарданд. Дар марказ  бо истифода аз ин маблағ дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва маҳсулоти хом харидорӣ намуда, фаъолияти худро боз ҳам густариш доданд»,-зикр кард манбаъ.

Як тан аз шогирдони ин маркази ҳунаромӯзӣ Нафиса Хуҷазизова гуфт, ки баъди хатми давраи омӯзишӣ дар марказ ва аз худ намудани ҳунари дӯзандагӣ соҳиби касб шуд. Ҳоло ӯ аз ин ҳисоб рӯзгорашро пеш мебарад.

Ба наздикӣ ин марказ боз соҳиби даҳ мошини дӯзандагӣ гашт. Ин мошинҳоро ба марказ комиссияи Иттиҳоди Аврупо ҳадя кард.

Декабрь 24, 2016 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад