Медали нуқраи Шоира дар Ҷоми ҷаҳонии бокс
ДУШАНБЕ, 23.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоира Зулқайнарова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои истихроҷкунандаи нафт ба хотираи нахустин кашшофи нафт дар ин минтақа Фармон Салмонов, ки дар шаҳри Нежневартовски минтақаи Ханти-Мансийски Россия барпо гардид, медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора сомонаи мусобиқа хабар медиҳад.
«Шоира Зулқайнарова дар рақобатҳо дар вазни то 64 кг дар аввалин қувваозмоиаш бар намояндаи Русия Гулноз Шарипова бо бартарии комил пирӯз шуд. Баъдан бар рақибаш Лина Бао аз Чин бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Шоира дар даври нимниҳоӣ Елена Устиноваи россиягиро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, ба финал роҳхат гирифт ва бо Ирина Сафарова, узви дастаи соҳибони майдон рақобат кард. Аз рӯи натиҷаи чор давр доварон Иринаро ғолиб донистанд ва Шоира Зулқайнарова соҳиби ҷойи дуюм шуд ва бо медали нуқра сарфароз гардид»,-хабар дод манбаъ.
Шоира Зулқайнарова соли гузашта дар ин мусобиқа сазовори медали биринҷӣ гардида буд.
«Дар мусобиқа соли равон 130 муштзан аз 14 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се мард Бахтовар Сагизов (52 кг), Ҷамшед Бурҳонов (69 кг), Сиёвуш Асроров (+91 кг) ва як зан Шоира Зулқайнарова (64 кг) дохил буданд.
Танҳо ба Шоира Зулқайнарова муяссар гардид, ки натиҷаи ибратбахш нишон диҳад. Дигар муштзанҳои тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд»,-овардааст сомонаи мусобиқа.
Шоира Зулқайнарова соли 2015 ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол дохил шуда буд. Ӯ моҳи августи соли гузашта дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни занон дар шаҳри Уланчаби Чин дар вазни то 64 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Шоира Зулқайнарова донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, таҳти роҳбарии Ҷамшед Султонов машқ мекунад.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






