ҶММ «Аср» ба муҳоҷирони меҳнатӣ забон меомӯзад
Душанбе, 03.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз як сол мешавад, ки Ҷамъияти масьулияташ маҳдуди «Аср» дар шаҳри Маскав ба ҳамватонони мо, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, кумаки машваратию ҳуқуқӣ мерасонад.
Ҷамъияти мазкурро ҳамватани мо Камолиддин Баротов, ки зодаи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон мебошад, таъсис додааст. Камолиддин Баротов соли 2008 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Қазонро хатм намуда, дар айни ҳол бо аҳли оилааш дар шаҳри Маскав истиқомат доранд.
«Ҳарчанд ки ман маълумоти олӣ доштам, корро дар Маскав аз боркашони оддӣ сар кардам ва маҳз донистани забони русӣ бароям имкон дод, ки ҷамьияти мазкурро кушоям. Ба ғайр аз он ки мо ба муҳоҷирони меҳнатӣ кумаки ҳуқуқию машваратӣ мерасонем, ҳамчунин дар назди ҷамьияти мазкур кошонаи хусн, ошхонаи миллӣ ва курси омӯзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳамватанони мо кор мекунанд», -иброз дошт директори генералии ҶММ «Аср» Камолиддин Баротов ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР.
К. Баротов ҳамчунин зикр намуд, ки яке аз сабабҳои ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гардидани шаҳрвандони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ- ин надонистани забони русӣ мебошад. Бо мақсади кумак ба ҳамватанон мо дар назди ҷамьиятамон курсҳои омӯзиши забони русиро ташкил намудаем.
«Боиси хушҳолист, ки муҳоҷирони мо ин нуктаро ба хубӣ дарк намуда, сафи омӯзандагони забони русӣ дар курсҳои омӯзишии мо рӯз то рӯз меафзояд. Мо кӯшиш намудем, ки курсҳои омӯзиширо дар вақти барои муҳоҷирон мувофиқ, яьне берун аз фаьолияти кориашон ба роҳ монем»,-илова кард К. Баротов.
ҶММ «Аср» ҳамчунин мақсад дорад, ки дар рӯзҳои наздик барои расонидани кумаки тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ Маркази тиббӣ таъсис диҳад.
Рухсора Нурова, хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






