Мулоқоти директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 20.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази матбуоти АМИТ «Ховар» директори Агентӣ Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал мулоқот намуд.
Зимни мулоқот оид ба муносибатҳои неки ду кишвари ба ҳам дӯст Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мубодилаи афкор сурат гирифт. Изҳор карда шуд, ки расонаҳои иттилоотӣ дар таҳким бахшидани равобити фарҳангӣ ва муносибатҳои иқтисодии кишварҳо нақши муассир доранд. Дар ин маврид пешниҳод намудани маълумоти дақиқу саҳеҳ ва беғараз қобили қабул мебошад.
Ҷонибҳо аз мероси муштарак будани асари Ҷалолиддини Балхии Румӣ, ки оромгоҳи ӯро дар шаҳри Қуния Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба Туркия зиёрат намуда буданд, бо ифтихор ёдовар шуданд.
Алӣ Рифат Кёксал дар рафти мулоқот инчунин оид ба амалҳои террористие, ки дар кишвари Туркия аз ҷониби қувваҳои бадхоҳ содир мешаванд, аз ҷумла аз ҳодисаи кушта шудани сафири Федератсияи Россия дар Анқара бо изҳори таассуф хотиррасон шуда, таъкид намуд, ки чунин амалҳо Туркияро аз роҳи мубориза ба муқобили терроризму ифротгароӣ боз намедорад.
«Мо хоҳони он ҳастем, ки мардуми Тоҷикистон аз ҳолати таассуфовари мо нисбат ба амали зиште, ки дирӯз содир шуда буд, огоҳ бошанд», — гуфт Алӣ Рифат Кёксал ва зикр кард: «Ин сӯйқасд ба муқобили муносибатҳои Туркия ва Русия равона шудаанд». Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм ба хотири субботу оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон идома ва тақвият хоҳанд бахшид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба рушд додани ҳамкорӣ дар бахши фарҳангу санъат, ҳамкории судманд миёни расонаҳои ииттилоотии Тоҷикистону Туркия изҳори назар карда шуд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






