Мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагон бо сафири Туркия дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 16.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории парлумонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Туркия баррасӣ шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот таъкид намуд, ки таърихи муносиботи дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия решаҳои қадима дошта, ҳар ду кишварро риштаҳои бародарӣ ва мероси муштараки фарҳангӣ ба ҳам мепайвандад.
Зикр карда шуд, ки соҳаи асосии ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия муносиботи тиҷоративу иқтисодӣ мебошад. Туркия тайи солҳои зиёд дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мавқеи хосаро ишғол намуда, ҳоло дар ҷумҳурӣ 10 корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия фаъолона кор мекунанд. Тоҷикистон ба ҷалби сармояи Туркия ба лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ ҳавасманд мебошад.
200 донишҷӯёни тоҷик дар доираи ҳамкории соҳаи маориф дар мактабҳои олии Туркия таҳсил мекунанд.
Аз соли 1988 инҷониб байни парлумонҳои ҳар ду ҷумҳурӣ гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият мекунанд, ки ба тақвияти ҳарчи бештари ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои гуногун мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, то кунун байни Тоҷикистон ва Туркия 65 шартнома ва қарордодҳо ба имзо расидааст. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи парлумон ва ҳукумат ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Оид ба тақвияти талошҳои ду кишвар барои мубориза бо таҳдид ва хатарҳои муосир чун терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ибрози назар карда шуд.
Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал изҳор намуд, ки Тоҷикистону Туркия дар самти фаъолияти парлумонӣ аз таҷрибаҳои кофӣ бархӯрдор ҳастанд ва парлумонҳои кишварҳои моро мебояд аз ин таҷрибаи ғании якдигар ба таври самарабахш истифода намоянд.
«Мо ҳамеша ба Тоҷикистон назари нек ва нигоҳи бародарона дорем», — гуфт сафири Туркия ва илова намуд, ки«шурӯъ аз соли нави 2017 мехоҳем дар Тоҷикистон маркази фарҳангии Туркияро ифтитоҳ намоем. Ин марказ метавонад муаррифгари мероси фарҳангии мардуми Туркия дар Тоҷикистон бошад».
Алӣ Рифат Кёксал таъкид намуд, ки «Ҷумҳурии Туркия ҳамеша ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо инкишофи пайгиронаи ҳамкории иқтисодиро бо Тоҷикистон аз ҷумлаи афзалиятҳои аввалиндараҷа медонем».








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад






