Нақши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар таҳкими суботи минтақа мавриди муҳокима қарор дода шуд
Душанбе, 02.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад дар мавзӯи «Нақши СААД доир ба ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони корпуси дипломатии кишварҳои аъзои СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони соҳавии мустақил, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд. Дар ҷараёни муҳокимаи мавзӯъ зикр карда шуд, ки «СААД дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ нақши муассир дорад».
Шиддатнокии ин таҳдиду хатарҳо дар шаклҳои гуногун имрӯз кишварҳои узви СААДро водор мекунад, ки баҳри маҳви онҳо тадбирҳои саривақтӣ ва муттаҳидона биандешанд.
Таъкид гардид, ки вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон баъд аз фаъолнокии гурӯҳҳои террористӣ дар вилоятҳои шимолии ин кишвар, якбора бадтар шуд. Бинобар ин, бо мақсади тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзои СААД дар марҳилаи ҳозира як қатор пешниҳодҳо ироа гардид. Масъалаҳои ҳифзи суботу амният дар ҳудуди СААД, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, мавриди таваҷҷуҳи хоссаи иштироккунандагони ҷамъомад қарор гирифт.
Ҳамкории мусбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишварҳои узви СААД дар шароити ҳозира, махсусан дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоҳида баррасӣ ва арзёбӣ карда шуд.
Зарурати такмили ҳамкории судманд доир ба табодули иттилоот, тайёр кардани кадрҳо, расонидани кумакҳои техникӣ ба якдигар ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ аз ҷониби иштирокдорон таъкид гардид.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






