«Нақши зани тоҷик дар бунёди оила»: Конфронси маърифатӣ тарбиявӣ дар Суғд
ДУШАНБЕ, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронси маърифатӣ тарбиявӣ таҳти унвони «Нақши зани тоҷик дар бунёди оила» баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, дар конфронс меҳмонон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, САҲШ, намояндагон аз Маркази солимӣрепродуктивӣ, Шўрои фаъолзанони вилоят ва олимаҳои донишгоҳ ширкат намуданд.
«Зимни маърўзаҳои сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят Муқаддам Дадоҷонӣ, мудири шуъбаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муҳайё Дадобоева ва дигарон масъалаҳои мавқеи зан дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, бунёди оила ва ба камол расонидани насли солим, эҳёи ҳунарҳои авлодӣ, аз қабили атласбофӣ, адрасбофӣ, сўзанидўзӣ, дўзандагӣ, ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани ҷавонон, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва гурўҳҳои номатлуб, масъулияти падару модар дар назди фарзанд ва вазифаи фарзанд дар назди волидайн баррасӣ шуданд»,-зикр кард манбаъ.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






