Нашри ду мақола дар бораи тоҷикон дар «Ал-Аҳром»

Декабрь 8, 2016 14:46

ДУШАНБЕ, 08.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бузургтарин рӯзномаи мисрӣ «Ал-Аҳром» дар шумораи худ аз таърихи 5 декабри 2016 дар фасли «Осор ва тамаддун» ду мақолаеро, ки мукаммили якдигар буда, ба мавзӯи пайвандҳои таърихии тоҷикону мисриён ва шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ ихтисос доранд, чоп намуд. Мақолаи якум «Мусофирон аз Шарқ» ба қалами доктор Ҳола Аҳмад Закӣ тааллуқ дошта, муаллифи мақолаи дуввум «Ва сафар ба шаҳри шеър» доктор Рифъат Абдуллоҳ Сулаймон мебошад. Мақолаҳои мазкур инчунин дар шакли электронӣ дар торнамои рӯзномаи «ал-Аҳром» мунташир шуданд.

Тарҷумаи мақолаҳои мазкур дар зер омадааст:

Мусофирон аз Шарқ

Доктор Ҳола Аҳмад Закӣ

          Вожаи «сафар» чӣ маъно дорад? Он яқинан боздид аст ва шояд ҳиҷрат ба кишварҳои Аврупо ва Амрико бошад.

Метавонам аввалҳои қарни XIX-ро барои ин ошуфтагии мисрӣ, агар чунин таъбир сеҳеҳ бошад, барои ин кишвар, ки дар ҳолати пешрафт буд, шоҳид оварам, ба хотири афзоиши рағбати мо ба эҳёи муҷаддад пас аз солҳо бозистодагиву рукуд, ки бар он кишвару мардум пирӯз нашуданд, магар бо бунёди давлати навин дар сарзамини Миср.

Мантиқи пазируфтанӣ аст, валекин магар ин ҳамаи кишвар аст ва дар сарзамини Мисри маҳруса[1] пеш аз ин замон чӣ рух дода буд?

Посухро дар китобҳои таърих меёбам. Ҷуғрофиё ба мо ҳамин ҷойгоҳро дар харитаи олам насиб гардонид, то бо дигар кишварҳо ошноӣ пайдо кунем.

Ғарб ба танҳоӣ манбаи илҳом набуд ва аз оғоз робитаҳои маҳкам бо мардумони Африко ва Осиё барқарор буданд.

Дуруст аст, ки сухан дароз хоҳад шуд, агар мо дар бораи робитаҳоямон бо аҳли Ҷануб бигӯем, ки он робитаҳоро ман масъалаи ҳаёт барои мардуми Миср мешуморам. Валекин он чизе ки имрӯз мехоҳам дар мавриди он таваққуф кунам, воқеияти дигарест, ки онро ҳазорон сол пештар медонистем ва он ба мардуме аз Шарқ ихтисос дорад, ки дастовардҳои сершумори Қоҳираи муиззи[2] маҳруса ба онҳо марбутанд.

Имрӯз мо эътироф мекунем, ки мо кишвареро тарк кардем, ки онро кишварамон медонем ва одамонеро, ки онҳоро мардумамон медонем.

Бино ба ҳисоботи таърих, ҷуғрофиё, сиёсат ва тамаддун аҳли Миср набояд таърихеро ба фаромӯшӣ супорад, ки беш аз ҳазор сол пеш оғоз гардида буд, ва аз кишваре ҷудоӣ гузинад, ки аҳли Мисрро бидуни ёрӣ нагузошта буд.

Агар таърихро бо мулоҳиза мутолиа намоем, дармеёбем, ки Қоҳира дар чунин сиришт ҳазорон сол пеш вуҷуд надошт, валекин омадаҳо аз Шарқ, ки ба бофти мисрӣ даромаданд, аз аҳли Миср огоҳӣ ва бо он робита доштанд, ҳатто пеш аз он ки қисматҳои ҷанубӣ ва шимолии Миср як шуда буданд ва нахустин давлате, ки онро дунё медонад, таъсис ёфта буд.

Чизи боварнокарданист, ки дар қисмати шимолӣ мардуми бисёри Шарқ мустақар шуд, бино бар гуфтаи олими бузург Салим Ҳасан, валекин ба назар мерасад, ки мо бояд солҳои дигареро мунтазир бошем, то он омадаҳоро бубинем, ба вижа аз Осиёи Миёнаро, дар байни мардуми Қоҳира, ки дар бораи онҳо ривоятҳои аҷибе ҳикоят мекунанд.

Онҳо дар байни сипоҳи сарлашкар Амр ибн ал-Ос дар Фустот буданд, вақте ки ӯ ба Миср даромад ва дар маҳаллаҳои хосси худ мустақар буданд ва зиндагӣ мекарданд, чунон ки бостоншинос д-р Ҳасан ал-Пошо таъкид мекунад. Ҷои тааҷҷуб нест, ки ҳамеша онҳо сипоҳиву донишманд буданд. Ҳатто ал-Балозурӣ дар «Футуҳ-ул-булдон» ба будани ҳазор нафар сарбози онҳо дар байни сарбозони ал-Аҳнаф ибн Қайс ал-Фотеҳ ишора мекунад.

Аммо дар Миср бузургтарин пайванд дар авҷи замони Айюбиён ва Мамлукиён ба вуқӯъ омад ва дар замони Муҳаммад Алӣ Пошо — волии кабири Миср идома дошт.

Боз мегӯянд, ки онҳо аз ин пештар ҳам омада буданд, дар замони ҳукмронии Тулуниён. Валекин он чизе ки мавриди эҳтимоми мост, он қиссаҳои қоҳирӣ аст, ки он мардум дар он қиссаҳо насиб доштанд.

Дар хотираи мисрӣ онҳо дар кӯчаву маҳаллаҳои Қоҳира маъруфанд, бо зебоии зиндагиашон ва рағбаташон ба субот ва шарикиашон бо мо дар рӯзҳои талху ширин. Гувоҳи ин масҷидҳо, роҳҳо, мадрасаҳо ва бемористон[3] дар маҳаллаҳои ал-Ҷамолия, ал-Халифа ва ас-Сайида мебошанд, ки номҳо ва вожаҳои онҳоро доранд ва шоҳиди он замони зебоянд.

Сар карданд аз кишвари Мовароуннаҳр, ки дар он ҷо қуллаҳои кӯҳҳо бо осмони кушод ва рӯдҳои ширин омезиш меёбанд ва дар поёни масир аз ҷумлаи мардуми хуби Миср шуданд.

Метавонем бо сафарҳову набардҳои онҳо барои дифо аз сарзамини Миср ва бо қиссаҳои пирӯзии онҳо бар татару салибиён шинос шавем.

Метавонем дар бораи донишмандонашон, ба вижа донишмандони тоҷик, ки дирафши тамаддунро бардоштанд, бихонем. Аз ҷумлаи онҳо Ибни Синои мулаққаб ба Шайхурраис — беҳтарин шогирди падари тиб Абуқрот, чунон ки муаррихи бритонӣ Эдвард Браун мегӯяд, файласуф, тарҷумон ва ҷаҳонгард Абуррайҳони Берунӣ — донандаи фарҳанги Ҳинд, зоҳид ва мутафаккир Абуннасри Форобӣ, ки лақаби Муаллими Сонӣ пас аз файласуф Арастуро дошт, Имом Тирмизӣ — олими ҳадис, Имом Бухорӣ — соҳиби «Саҳеҳ», Абубакри Розӣ — соҳиби «ал-Ҳовӣ фӣ-т-тиб», шахсиятҳои барҷастае ба монанди Балхӣ, Фарғонӣ, Хоразмӣ — олими риёзиёт ва дигарон, чунон ки дар «Тамаддуни исломӣ дар Тоҷикистон»-и Эркин Раҳматуллоев ва Абдулло Юлдошев омадааст.

Чӣ гуна мо метавонем ин боғи расидаи тамаддуни исломиро нодида бигирем ё вуҷуди фарзандони Осиёи Миёна ва тоҷиконро нодида гирем, ки ки онҳоро Табарӣ наберагони Тоҷ шумурдааст ва аз қадим зикри Тоҷ дар устураҳо рафтааст. Онҳо маро ба ёди Қоҳирае мебаранд, ки замоне вуҷуд дошт.

Ва сафар ба шаҳри шеър

Доктор Рифъат АбдуллоҳСулаймон

Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва пойтахташ шаҳри Душанбест. Чанде пеш аз он ба шаҳри Хуҷанд раҳсипор шудам, то дар кори Конфронси байналмилалӣ ба накӯдошти шоир Камоли Хуҷандӣ ширкат намоям.

Ин кишварест, ки дар он номи «Сомонӣ», ки мансуб ба Исмоили Сомонӣ,  фармонравои номдори давлати Сомониён аст, борҳо такрор мешавад. «Сомонӣ» инчунин номи арзи миллии Тоҷикистон аст. Шаъни давлати сомонӣ дар замони тамаддуни исломӣ боло рафт ва он давлат дар тиҷорату саноат, инчунин кишоварзиву ҳунарҳо пешрафт кард ва фаровардаҳои абрешимӣ ва маъдании он дар тамоми гӯшаву канори дунё шуҳрат пайдо намуд.

Шаҳри зебои Хуҷанд, ки дар Роҳи абрешим ҷойгир аст, дувумин шаҳри бузург пас аз пойтахт Душанбе ба шумор меравад. Дар он вақти сол ҳаво сард менамуд. Роҳҳо гӯӣ аз байни кӯҳҳо пайдо мешуданд. Рӯди Сайҳун аз он шаҳр мегузарад. Хуҷанд бо боғи худ ва театри Камоли Хуҷандӣ, ки бо меъмории хос сохта шудааст, шуҳрат дорад. Инчунин масҷиди Муслиҳиддин дар он ҷо ҳаст, ки дар назди мардуми кишвар бо тирозу таърихи соҳибаш ва хутбаи ҷумъае, ки ба забони арабӣ хонда мешавад, маъруф аст.

Аммо шоири соҳибҷашн Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, ба ҳамин ном маъруф аст, аз ҷумлаи бузургтарин шоирони тасаввуф ва ирфон ба шумор меравад. Ӯ ғазалиёте дар ишқи илоҳӣ дорад, ки ба ғоят дилрабову зебо буда, ба ғазалиёти Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, бузургтарин шоирони адаби форсӣ мемонанд.

Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар Мовароуннаҳр воқеъ аст, дар қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ чашм ба дунё кушодааст. Дар ҷавонӣ он шаҳрро тарк кард ва ба Чоч барои такмили таҳсили илмии худ рафт. Сипас ба Маккаи мукаррама барои адои фаризаи ҳаҷ сафар намуд. Ҳангоми бозгашт ба Табрез рафт, то ба ҳимояти Султон Ҳусайни Ҷалоирӣ дарояд.

Аз хушиҳои зиндагӣ даст кашид ва ба эҳтироми Амир Мироншоҳ ибни Тимур ноил гардид. Ҳангоме ки ҳокими Қипчоқ гурӯҳе аз олимонро бо худ бурд, дар байни онҳо шоири мо ҳам буд. Ӯ  дар шаҳри Сарой, пойтахти Қипчоқ муддати чаҳор сол боқӣ монд ва касе намедонад, ки мондани ӯ дар он ҷо ихтиёрӣ ё иҷборӣ буд. Ӯ то лаҳзаи вафоташ дар хонақоҳ мезист. Пас аз маргаш дар хонақоҳи ӯ порае ҳасири дурушту жанда пайдо карданд. Ӯ зиндагии зоҳидона дошт ва дар зиндагиаш ғайр аз ризои Худо чизе намехост.

Девони шоири бузург Камоли Хуҷандӣ шомили ғазалиёти сӯфиёна, муқаттаъот ва чанд рубоиёт аст. Шоири бузурги мутасаввиф Абдурраҳмони Ҷомӣ зикр мекунад, ки шеъри Камоли Хуҷандӣ саҳли мумтанеъ аст. Бархе орифон гуфтаанд, ки ҳамнишинӣ бо Шайх беҳтар аз шеъраш аст ва шеъри Ҳофизи Шерозӣ беҳтар аз ҳамнишинӣ бо ӯст. Ӯ дар васфи пешвои офариниш — Муҳаммад алайҳиссалом мегӯяд:

Эй маҳи рухсори ту матлаи субҳи яқин,

Ғошияи кибриё-т шаҳпари Руҳуламин.

Ойинадори рухат орази моҳи тамом

Такягаҳи минбарат пояи чархи барин.

Камоли Хуҷандӣ ашъоре сурудааст, ки гӯӣ бо ҳарир даромехтааст. Бо ин ҳама ӯ ягона шоири тоҷикон ба шумор намеравад. Ҳангоми бозгаштамон аз Хуҷанд ба пойтахт Душанбе аз муҷассамаҳои шоир Рӯдакии Самарқандӣ ва Ибни Сино боздид намудем.

Табиати дилрабо хоси ин кишвар аст: кӯҳҳои баланди сарбафалак, ки абрҳоро мешикофанд; аз барфҳои он кӯҳҳо об ба маҷроҳои маъруфаш сарозер шуда, аз назди хонаҳо мегузарад ва садои шур- шури об дар ҳама ҷо, ба ғайр аз кӯчаҳои фарох ё маҳаллаҳои дарунӣ, ба гӯш мерасад.

Дар шаҳри Истаравшан моро ҷавондухтарони шоир пешвоз гирифтанд. Мо дар кишваре будем, ки дар он наберагони олимони бузурги ислом, ба монанди Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Имом Бухорӣ, Тирмизӣ, Нисоӣ, Замахшарӣ ва шоироне, амсоли Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд.

Мардуми ин кишвар, ки асолати ориёӣ дорад, ба монанди табиаташ меҳмоннавоз ва соҳиби одатҳои мутамаддини хос буда, дар Хуросони бузург мустақар шудааст. Тоҷикон мисриёнро, ки рамзи Азҳари Шариф мебошанд, бисёр дӯст медоранд, онҳо мардуми мутадайин ва ба мазҳаби суннии худ пойбанд мебошанд.

Мардуми Тоҷикистон аз субҳ то шом кор мекунанд ва кишоварзӣ муҳимтарин фаъолияти онҳо ба шумор меравад. Онҳо мардуми фарҳангӣ ва таҳсилкарда буда, бисёре аз онҳо забони арабиро хуб медонанд. Аксари  мардум аз насл ба насл шоиранд ва ҳар боре, ки ман байти шеъреро ба ёд оварданӣ мешудам, дарҳол давоми онро ба ман мегуфтанд.

Яздон олимони ин кишварро биомурзад, ки бо илму дониши худ чароғи тамаддунро дар ҷаҳоне, ки дар торикӣ мезист, афрӯхтанд ва равшан карданд.

Тоҷикистон ё кишвари рӯди Сир ва Фарорӯд яке аз боғҳои биҳишти Парвардигор дар рӯи замин аст, ки зебову пурнеъмат буда, нақши бузурги таърихӣ дорад.

Аз арабӣ тарҷумаи Хусрав НОЗИРӢ

 

[1]Маҳруса, ки маънояш нигаҳдошташуда аст, яке аз сифатҳои Миср мебошад.

[2]Яке аз сифатҳои Қоҳира аст, ки ба номи халифаи фотимӣ Муиз(з) бармегардад ва дар замони ҳукмронии ӯ Қоҳира ба авҷи шукуфоӣ расида буд.

[3]Истилоҳи форсии “бемористон” дар Миср ибтидоан аз қарни IX мелодӣ роиҷ аст.

Декабрь 8, 2016 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст