Нашри китоби «Шашмақом, таҳрир, тафсир ва интишори нав»

Декабрь 27, 2016 09:02

ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури иттилоотии «Шашмақом, таҳрир, тафсир ва интишори нав» дастраси устодон ва ҳаводорони ин санъати нодир гардид. Асар аз ҷониби муаллиф ва мураттиби китобҳои шашҷилдаи «Шашмақом» ва «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом», Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илми санъатшиносӣ, сарвари Академияи мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ба нашр расидааст.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дастур дар бораи санъати мусиқии классикии тоҷикон «Шашмақом», марҳилаҳои рушди он дар тӯли таърих ва дар 25-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, эътирофи Шашмақом ҳамчун ёдгории мероси фарҳангии башарият аз ҷониби Кумитаи байналмилалии ЮНЕСКО, ба феҳристи шоҳкориҳои бузурги мусиқии шифоҳӣ ва мероси ғайримоддӣ ворид карда шудани он, хидматҳои устодони санъати шашмақом барои рушди ин санъат ва ба насли оянда мерос гузоштани он нақл мекунад.
«Дастур муаррифгари китобҳои шашҷилдаи тозанашри «Шашмақом» ва «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом» буда, ба хонанда дар бораи китобҳои нав маълумот медиҳад»,-хабар доданд аз Вазорати фарҳанг.

Декабрь 27, 2016 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад