Нуриддин Саид: «Муносибат бо об аҳамияти махсусро талаб менамояд»

Декабрь 28, 2016 09:20

nuriddin-saidДУШАНБЕ, 28.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун номаи табрикӣ расид. Дар он аз хусуси қабул шудани қатъномаи Маҷмааи умумии СММ оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 сухан рафта буд. Дар номаи шодбошӣ ҳамчунин таъкид шудааст, ки даҳсолаи мазкур дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» мусоидат менамояд.
Чунин ҳодисаи фараҳангез тамоми мардуми кишварро хушҳол гардонд. Барои дастгирӣ ва фаҳмондани нуктаҳои муҳими ин қатънома дар аксар вазорату муассисаҳо ҳамоишҳо барпо гардиданд. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сухан аз ташаббуси созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафт.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид зикр намуд, ки тўли 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешниҳоди чоруми ҷониби Тоҷикистон дар мавзўи беҳдошти об аст ва аз тарафи СММ дастгирӣ ёфта, амалӣ мегардад.
Қатъномаи мазкурро 177 давлати узви ин созмони бузурги умумиҷаҳонӣ дастгирӣ намуданд. Чунин ҳуҷҷати муҳим на танҳо барои ҷумҳурии мо, балки барои кулли мардуми сайёра аҳамияти ҷаҳонӣ дорад, зеро тибқи нишондодҳои оморӣ об на танҳо барои ошомидан, балки баҳри истифода дар тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ низ муҳим аст. Мутаассифона, имрўз дар дунё беш аз 1,5 миллиард сокини сайёра аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Ҳодисаҳои зиёди обхезӣ, пайдо шудани бемориҳои гуногун, биёбоншавӣ, сўхторҳои пай дар пай ба камбуду норасоии об иртибот доранд. Аз ин рў, муносибат бо об аҳамияти махсусро талаб менамояд.
Муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев иброз дошт, ки дар Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 22 марти соли 2018 шурўъ шуда, 22 марти соли 2028 ба охир мерасад, иҷрои як қатор лоиҳаҳо оид ба масъалаи об амалӣ мегарданд. Ҳадафҳои қатъномаи мазкур басо фарох буда, муносибат ба об фарҳанги махсусро хоҳон аст. Танҳо дар Осиёи Миёна агар соли 1956 аҳолӣ 20 млн. нафарро ташкил дода бошад, пас дар охири садаи бистум он 60 млн афзоиш ёфт.
Чунин ҳамоишҳо вобаста ба масъалаи қабули қатънома дар ДМТ, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва ДСРТ низ баргузор гардиданд.

Декабрь 28, 2016 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад