Оғози сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон
ДУШАНБЕ, 17.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. 17 декабри соли 2016 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар оғоз ёфт.
Зимни ворид шудани меҳмони олимақом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қаср тибқи муқаррароти расмии сафарҳои давлатӣ аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ ва Сарвазири ин кишвар Нарендра Модӣ истиқбол гирифта, пас аз аксбардории якҷоя, меҳмони олимақомро ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти меҳмони олимақом аз назди сафи горд, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҳиндустон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати расмии Тоҷикистон ба майдони Раҷ Гҳат, ки Ёдгории Маҳатма Гандӣ дар он ҷо воқеъ аст, ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хоса ба арзишҳои миллию таърихӣ ва фарҳангии Ҳиндустон дар назди муҷассамаи Маҳатма Гандӣ гулчанбар монда, дар китоби сабти меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.
Сарвари давлатро дар ин маросим намояндагони ҳукумати ин кишвар ҳамроҳӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастаи китобҳои Маҳатма Гандӣ туҳфа карда шуд.



























МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат






