Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо: «Реал»-«Америка» 2:0

Декабрь 16, 2016 12:01

ДУШАНБЕ, 16.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии дуюми нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни клубҳо, ки дар Япония идома дорад, «Реал»-и Мадрид бар КФ «Америка»-и Мексика бо натиҷаи 2:0 ғолиб омад. Ин даста акнун дар бозии ниҳоӣ бо клуби футболи «Касима Антлерс»-и Япония 18 декабр қувва месанҷад. Дар ин бора сомонаи «news.sportbox.ru» хабар медиҳад.
«Дар ин вохӯрӣ голи аввалро Карим Бензема дар поёни нимаи аввал ба ҳадаф расонд. Дар мавриди голи дуюм, ки дар дақиқаи 90+3 аз ҷониби Криштиано Роналдо зада шуд, довари бозӣ Энрике Касереси парагваӣ ба кумаки видеовар рӯй овард, то ба дуруст зада шудани гол боварӣ ҳосил кунад»,- менависад манбаъ.
Ба ҳамин тартиб, ғолиби Лигаи чемпионҳои Аврупо — «Реал», ки муборизаро барои Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо аз рақобати ½-ниҳоӣ шурӯъ кард, баъди ғалаба бар КФ «Америка» ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифт. Ҳарифи ӯ дар финал КФ «Касима Антлерс»-и Япония, ки бори аввал дар таърихи гузаронидани Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо аз Осиё ба бозии финалӣ роҳхат гирифтааст, ба шумор меравад. То бозии ниҳоӣ японҳо бар дастаҳои футболи «Окленд Сити» (Зеландияи нав, 1/8-ниҳоӣ) 2:1, «Мамелоди Сандаунз» (Африқои Ҷанубӣ, ¼ -ниҳоӣ) 2:0 ва «Атлетико Насйонал» (Колумбия, ½-ниҳоӣ) 3:0 ғолиб омаданд.
Ёдрас мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон байни клубҳо ( FIFA Club World Championship) аз ҷониби ФИФА соли 2000 таъсис ёфт. Баъдан дар соли 2005 номи он ба Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо (FIFA Club World Cup) тағйир дода шуд ва он имсол маротибаи 13-ум гузаронида мешавад. Дар он дастаҳои чемпиони 6 қитъа ва дастаи соҳиби майдон иштирок мекунанд.
«Барселона»-и Испания се маротиба (солҳои 2009, 2011 ва 2015) ин унвонро ба даст овардааст. «Реал»-и Мадрид соли 2014 дар бозии ниҳоӣ бар «Сан Лоренсо»-и Аргентина бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада, соҳиби унвон шуда буд. Агар дар ин бозии ниҳоӣ ғолиб ояд, он гоҳ шумораи ғалабаҳояш ба ду адад хоҳад расид.

Декабрь 16, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд