Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ- аграрӣ мубаддал гардад
ДУШАНБЕ, 27.12.2016/АМИТ «Ховар»/. «Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ- аграрӣ табдил ёбад». Матлаби мазкур зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки ба масъалаи «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва ҳисоботи ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд, зикр гардид. Дар муҳокимаи парлумонӣ Акрамшо Фелалиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар- ин саноатикунонии мамлакат мебошад». Аз ин рӯ, ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ҷиҳати татбиқи нақшаи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муассирест дар ин роҳ. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ- аграрӣ табдил ёбад.
Таъкид шуд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат дар заминаи истифодаи захираҳои маъдани маҳаллӣ оид ба корҳои ҷустуҷӯию иктишофии сарватҳои зеризаминӣ «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2012-2020» низ таҳия гардидааст. Зимнан дар ин самт Саридораи геологияи ҷумҳурӣ сиёсати давлатиро дар идоракунӣ ва танзими омӯзишӣ геологияи қаъри замин, истифодаи самаранок ва аз нав барқароркунии захираҳои ашёи минералиро татбиқ ва амалӣ намуда, фонди давлатии иттилоотии геологӣ оид ба қаъри замини Тоҷикистонро пеш мебарад.
Ҳамчунин аз рӯи масъалаи мазкур дар муҳокимаи парлумонӣ Сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муроди Хол, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова ва дигар намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ибрози назар намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






