Озод намудани ноболиғ аз гаравгонгирӣ
ДУШАНБЕ, 08.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тавре Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, 6 декабри соли 2016 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Турсунзода бо маслиҳати пешакӣ, барои бо роҳи гаравгонгирӣ ба даст овардани маблағи калони пулӣ даст ба ҷиноят заданд.
Тахминан соати 07:30 як узви ин гурӯҳ дар кӯчаи И. Сомонии шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб худро ба писарбачаи 17-сола, хонандаи Мактаби таҳсилоти умумии шаҳри мазкур ҳамчун шиноси падараш муаррифӣ карда, ӯро ба доми худ дароварда, мегӯяд, ки ӯро то мактаб бо мошинаш- тамғаи «ДЭУТИКО» бурда расонад.
Ноболиғ ба суханҳои ӯ бовар карда, ба мошин савор мешавад. Баъд ин узви гурӯҳ ноболиғро ба тарафи яке аз биноҳои истиқоматии маҳаллаи шаҳри Турсунзода, ки дар онҷо узви дигари ин гурӯҳ, яъне ҳамсари ӯ интизор буд, оварда, дар якҷоягӣ ӯро маҷбуран ба дохили бино медароранд. Сипас, онҳо дасту пойи писарбачаро бо коғази ширешшуда (скоч) баста, ҳаммаслаконашонро ба назди худ даъват менамоянд.
Баъдан ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба падари ноболиғ тавассути телефони мобилӣ занг зада, аз ӯ барои озод кардани писараш маблағи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб менамояд.
Пас аз ба Вазорати корҳои дохилӣ ворид гардидани маълумот оид ба ҳодисаи гаравгонгирӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ созмон ёфта, амалиёти махсус амалӣ карда шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ худи ҳамон рӯз, соати 23:30 3 нафар шахсони гумонбар дар ҷинояти гаравгонгирӣ дастгир гардида, 1 нафари онҳо ҳангоми озод намудан ва ҷой доштани таҳдид ба ҷону саломатии ноболиғ безарар гардонида шуд.
Ноболиғи ба гаравгон гирифташуда бе бардоштани зарари ҷисмонӣ озод карда шуда, ба волидонаш баргардонида шуд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи шаҳрвандон ва кормандони мақомот касе осеб надидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






