Рамазон Раҳимзода ғолиби озмуни байналмилалии «Нашри беҳтарин» гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори комиссияи тахассусии Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ғолиби Озмуни байналмилалии «Нашри беҳтарин барои муассисаҳои олии таълимӣ дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» таҳти унвони «Нашри беҳтарин оид ба проблемаҳои протсессуалии ҷиноятӣ, криминалистика ва назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» гардид.
Тавре аз ВКД ҶТ хабар доданд, Рамазон Раҳимзода ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан буда, муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки Рамазон Раҳимзода номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ буда, ҳамчунин аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






