РУСТАМ АБДУЛЛОЕВ: МУАЛЛИМ, ЖУРНАЛИСТ, ЧЕКИСТ… (Ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон бахшида мешавад)

Декабрь 28, 2016 07:49

ДУШАНБЕ, 28.12.2016./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 декабр, кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд, онҳое, ки «сарбозони ҷабҳаи ноаён» ном бурда мешаванд. Онҳое, ки аз рӯи талаботи касбӣ одатан фаъолияти худро ошкор ва таблиғ намекунанд, вале дар асл барои ҳимояи манфиатҳои  давлатию миллии мо, ҳимояи сарҳадоти Ватан, қонунияту тартибот, адолати иҷтимоӣ, суботи ҷомеа ва тинҷию амонии  хонадони ҳар кадоми мо хизмати бузургеро ба ҷо меоранд.

Кормандони мақомоти амниятро «чекист» ном мебаранд, ки ин беваҷҳ нест: ин вожа аз номи «ЧК»(Чрезвычайная комиссия) ё худ Комиссияи фавқулодда гирифта шудааст, ки солҳои баъди инқилоби Октябр созмон дода шуда буд ва дар аҳди ИҶШС (СССР) мақомоти асосии амният маҳсуб меёфт ва нахустин сарвари он Феликс Дзержинский буд. Баъдан ин мақомот ГПУ (Сарраёсати сиёсӣ), НКВД (Комиссариати халқии корҳои дохилӣ), КГБ (Кумитаи давлатии амният) ном гирифт. Солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти мазкур низ дар кишвари мо мустақилият касб намуд, аввал КАМ (Кумитаи амнияти миллӣ) ва сипас ВА (Вазорати амният) ном гирифт. Ҳоло, таври маълум, мақомоти зикршуда Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ном дорад, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои мамлакат, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи амнияти миллӣ»  фаъолият мебарад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳифзи сарҳадот, ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва субботу оромӣ дар ҷомеаро масъалаи рақами яки рӯзҳои мо арзёбӣ намуданд. Бинобарин, имрӯз, азбаски вазъи дунё ором нест ва терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ба амнияти кишварҳо ва халқҳои том торафт бештар таҳдид менамоянд,  масъулияти  кормандони мақомоти амнияти миллиии Тоҷикистон беш аз ҳар вақти дигар афзудааст.

Дар китоби таърихи мақомоти амнияти Тоҷикистон  саҳифаҳои пуршараф хеле зиёданд, ки аз шуҷоат, далериву чолокӣ ва ватандӯстии кормандони дирӯзу имрӯзи он башорат медиҳанд.

АМИТ «Ховар» аз ин фурсати муносиб  истифода бурда, тамоми кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистонро бо иди касбиашон самимона табрик мегӯяд ва чун барги сабз аз боғи беканор бо меҳру сипос аз зиндагиномаи яке аз фидоиёни ин мақомот ёдовар мешавад.

rustam-abДар нигоҳи аввал ҳикоят кардан дар бораи ин ё он корманди мақомоти амният хеле осон ба назар мерасад, зеро тарҷумаи ҳоли кормандони ин соҳа қариб, ки ба ҳамдигар монанд буда, ҳамагӣ аз чанд ҷумла иборат аст, ки дар он соли таваллуд, ҷойи таваллуд, солҳои хониши мактаби миёна ва ихтисоси дар мактаби олӣ гирифтаашон дарҷ гардидаасту тамом. Вале пушти ин маълумотномаҳои хушку расмӣ тақдиру сарнавишти аҷиб, муомилаву муносибат ва зиндагиномаи пур аз шебу фарози шахсоне, ки баҳри таъмини бехатарии давлат, амнияти ҷомеа, зиндагии осудаи сокинон хизмат кардаанд, бесадо нуҳуфта аст. Рустам Абдуллоев яке аз онҳо буд.

Ӯ 20 июни соли 1952 таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 2-и ноҳияи Данғара барои гирифтани маълумоти олӣ ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб) дохил шудааст. Баъд аз хатми Донишкадаи омӯзгорӣ Рустам Абдуллоев муддати се сол дар мактаби миёнаи ноҳияи Фархор ва мактаби миёнаи рақами 6 ноҳияи Восеъ ба хонандагон аз фанни забон ва адабиёти рус дарс додааст.

Баъдан, ибтидои соли 1976 Рустам Абдуллоев ба фаъолияти журналистӣ гузашта, то сентябри соли 1982 дар рӯзномаи вилоятии русзабони «Кулябская правда» ҳамчун мухбир, мудири шуъбаи сохтмони сотсиалистӣ ва муовини муҳаррир кор мекунад.

Моҳи сентябри соли 1982 Рустам Абдуллоев мухбири махсуси рӯзномаи ҷумҳуриявии «Коммунист Таджикистана» (ҳоло «Народная газета») таъйин мегардад. Дар ин вазифа Рустам Абдуллоев зиёда аз 10 сол – то соли 1993 фаъолият карда, моҳи марти соли 1993 ба кори ҳарбӣ – хизмат дар сафи мақомоти амнияти ҷумҳурӣ мегузарад. Ин тағйирот дар ҳаёти шахсии Рустам Абдуллоев тасодуфӣ набуд. Ӯ ҳамчун шахсе, ки аз ҳаёти сиёсии мамлакат хуб бохабар буд, бо дарки маъсулият ба хизмат дар сафи мақомоти амнияти мамлакат гузашта, қаламро бо силоҳ, суханро ба амал иваз мекунад.

Он шабу рӯз гузаштани шахсони масъулиятшинос ба хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла ба сафи мақомоти амният агар аз як тараф, бо амри дилу виҷдон сурат мегирифт, аз тарафи дигар ба сафи мақомоти амният ҷалб кардани шахсони арзанда тақозои замон буд. Дар ҳар ду маврид ҳам сари даст гирифтани чунин иқдом аз эҳсоси ватандӯстӣ, ватанхоҳӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ сарчашма мегирифт. Зеро вазъияти сиёсӣ мураккаб гаштаву гӯшаҳои гуногуни Ватан дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. На ҳар шахс ғайрат мекард, ки либоси ҳарбӣ ба бар карда, силоҳ ба даст гирифта, ҷони худро ба хатар гузорад. Дар минтақаи Кӯлоб дар сохторҳои қудратӣ фаъолият кардан ҳамон шабу рӯз воқеан ҳам баробар ба бозӣ кардан бо ҷон буд. Қариб ҳар рӯз дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (он замон Давлати исломии Афғонистон) задухӯрдҳои шадид ба амал меомаданд. Ҷанговарони мухолифин, ки тарки ҷумҳурӣ карда буданд, бо силоҳ, бо дастурҳо аз таълимоти ҷангӣ ва тамриноти амалӣ, ки муҷоҳидини ҷангдидаи афғон барояшон омӯзонда буданд, мунтазам овозаҳоро дар бораи ҳамла кардан ба хоки Тоҷикистон паҳн мекарданд. Бо сабаби он ки қӯшунҳои сарҳадӣ акнун дар ҳоли пайдо шудан қарор доштанд, эҳтимоли ҳар дақиқаву ҳар соат сафарбар шудан ба ҷанг дар хати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон вуҷуд дошт.

Дар баробари он ки аввал дар минтақаи Кӯлоб, сипас дар дигар манотиқи кишвар барои ҳимояи сохти конститутсионӣ гвардияҳои маҳаллӣ таъсис дода шуда буданд, ҳамчунин бо истифода аз бесарусомонӣ, фалаҷ шудани фаъолияти кормандони милитсия, унсурҳои ҷиноятпеша бо ба даст даровардани шумораи зиёди силоҳи оташфишон сар боло карда буданд. Дар дасти одамон пайдо шудани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ боиси бетартибиҳои саросарӣ гашта буд. Гоҳу ногаҳ дар ин ё он кӯчаи шаҳри Кӯлоб миёни гурӯҳҳои силоҳбадаст тирпарронӣ ва ё ба қавли ҷинояткорон «разбор»-ҳои хунин сурат мегирифтанд.

Он нафароне, ки ҳаёти осоиштаро тарк карда, ба хизмати ҳарбӣ дар сафи мақомоти амният гузашта буданд, бояд бо рафтору кирдори намунавӣ, фаросату инсонгарӣ, ҷасорат, ақлу тамиз ва донишу таҷрибаи ҳаётӣ барои ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ саҳми бевосита мегузоштанд, дар дили сокинон шуълаи умедро барои мавҷуд будани ояндаи ободу осудаи Ватан равшан мекарданд.

Муҳимтарин хизмати нафароне, ки чун Рустам Абдуллоев ба кори ҳарбӣ гузашта буданд, барқарор сохтани тинҷиву амонӣ, суботу осоииштагӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ буд. Он солҳо дар гӯшаву канори Тоҷикистон миёни бархе аз гурӯҳҳо нисбат ба Ҳукумати конститутсионӣ тасаввуроти барғалат, овозаҳои бардурӯғи зиёд паҳн шуда буданд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бо рафтору гуфтори намунавии худ нишон медоданд, ки ин овозаҳо асос надоранд. Муҳимтар аз ин, бояд сиёсати сулҳхоҳонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа талқину ташвиқ карда мешуд.

Гурӯҳи оперативии Кӯлоб ба мактаби бузурги кадртайёркунӣ мубаддал гардида буд. Дар ин мактаби он замон номдор ду омӯзгорони қавиирода ва обутобёфта: яке Мирзоватан Ҳасаналиев – сардори Гурӯҳи оперативии Кӯлоб ва дигаре Рустам Абдуллоев – муовини сардори Гӯруҳи оперативии Кӯлоб фаъолият доштанд. Маҳз ин ду шахси ватандӯст таҳти роҳнамоии бевоситаи роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар тарбия ва омода кардани афсарони ҷасуру далер, ватандӯст, ботарбияву боодоб ва кордон саҳми шоистаи таҳсин гузоштаанд.

Яке аз хусусиятҳои хоси фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ ин аст, ки бештари фаъолиятҳои анҷомдодашуда ба таври ниҳонӣ ҷараён гирифта, солҳои дароз тибқи қонун ҷузъиёти хоси амалҳои анҷомдодашуда махфӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамин аст, ки дар баробари пинҳон мондани паҳлӯҳои гуногуни амалҳои махсуси амниятӣ ҳамчунин номи тарҳрезону иҷрокунандагон низ пинҳон, зери муҳри махфӣ нигоҳ дошта мешаванд. Тақозои ҷабҳаи ноаён, тақдири сарбозони ҷабҳа ҳамин аст. Бояд иқрор шуд, ки чунин тартиби кор ба нафъи худи ҷомеа аст, натиҷаи он амалиётҳо – яъне тинҷиву осоиштагӣ, суботи имрӯзаи ҷомеа гувоҳи дуруст будани тадбиру амалиёти мақомоти амнияти ҷумҳурӣ мебошад.

Рустам Абдуллоев ва дигар шахсоне, ки бо амри дилу виҷдон ва тақозои таъмини бехатарии давлат ба хизмат ба мақомоти амният гузашта буданд, рисолати наздик кардани мақомоти амниятро бо аҳолӣ анҷом додаанд. Тавре маълум аст, дар даврони шӯравӣ Кумитаи давлатии бехатарӣ дар тасаввуроти шаҳрвандон нақши хоси худро дошт. Одамон кӯшиш мекарданд, ки аз ин мақомот худро дар канор нигоҳ доранд. Ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-ум, ҷасорату қаҳрамонии кормандони мақомоти амният ва рафти ҳодисаҳои минбаъда нишон доданд, ки мақомоти амният ва кормандони он «бегона» набуда, фарзандони ҳамин диёру сарзаминанд, ки омодаанд, баҳри таъмини бехатарии давлат, амнияти ҷомеа ва осудагии сокинон ҷони худро нисор кунанд. То замоне, ки дигар мақомоти интизомиву қудратӣ мавқеи дубораи худро пайдо карда, ба фаъолияти пурра гузаштанд, одамон ба хотири пайдо кардани адолату ҳақиқат бевосита ба КДАМ ва кормандони он муроҷиат мекарданд, роҳи ҳалли мушкили худро аз даргоҳи ҳамин мақомот ҷуё мешуданд. Тадриҷан бисёр одамон фаҳмиданд, ки дар кишварҳои пешрафтаи олам сокинон ба хотири таъмини суботу амният дар ватанашон пайваста бо мақомоти амният ҳамкорӣ мекунанд.

Моҳи декабри соли 2002 вақте мамлакат тинҷу осуда гашт, Рустам Абдуллоев бо сабаби вазъи саломатӣ бо ихтиёри худ аз кор дар мақомоти амниятӣ даст мекашад. То тобистони соли 2004 Р.Абдуллоев дар Маркази таъминоти аграриву техникии шаҳри Кӯлоб ба сифати оҳангар кор мекунад.

Ӯ дар ин вазифа бо муҳаббати хос, аз сари эҳсоси меҳнатдӯстӣ  кор кард. Рустам Абдуллоев дар синни 50-солагӣ қаламро ба болға, мизи кориро ба дастгоҳи оҳангарӣ, утоқи гармро ба сехи коргарӣ ва шиму костюмро ба либоси оҳангарӣ иваз кард. Бе ягон ғаразу кина, бо дили соф ин касбро аз худ намуд ва вақте нахустин маҳсулоти меҳнати худ — досро ба даст гирифт, мисли кӯдак хурсандӣ мекард.

Муддати кӯтоҳ, аз моҳи июли соли 2004 то моҳи январи соли 2005 дар вазифаи сардори раёсати  кадрҳои Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Сипас дубора ба кори худ ба сехи оҳангарӣ баргашта, то 11 –уми октябри соли 2008 дар Маркази таъминоти аграриву техникии шаҳри Кӯлоб ба ҳайси оҳангар кор кардааст. 11-уми октябри соли 2008 Рустам Абдуллоев дар синни 56-солагӣ дунёро тарк намуд.

Рустам Абдуллоев хислати ба худ хос дошт. На ҳама одамон, хусусан афсарони касбӣ, ки дар мактабҳои махсуси Кумитаи бехатарии давлатӣ таҳсил карда буданд, ӯро хуш қабул доштанд. Ба фикру ақида ва назару мулоҳизаҳои ӯ аз нуқтаи назари танқидӣ менигаристанд. Вале Рустам Абдуллоев, ки худ ҳамчун омӯзгор қоидаҳои зиндагии зиёиёна дошт ва ҳамчун журналист минтақаҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои Кӯлобро савораву пиёда тай карда буд, аз фаъолияти ҳамаи роҳбарони хоҷагиҳо, ноҳияҳо, идораву ташкилоту муассисаҳо огаҳии комил дошт, бо одамони касбу кори мухталиф шинос буд, ҳамеша дар мавқеи худ пофишорӣ мекард. Ӯ шахсе буд аз миёни халқ рӯида. Бо фаъолияти худ назару андешаи сокинонро нисбат ба мақомоти амниятии кишвар нек намуда буд. Ӯ исбот мекард, ки мақомоти амнияти давлатӣ дигар он мақоми пешинаи замони шӯравӣ нест, балки он аз мардум аст ва барои манфиатҳои давлату миллат хизмат мекунад.

Акрам САНГЗОДА

 

 

Декабрь 28, 2016 07:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд