Сафири навтаъйини Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ нусхаҳои эътимодномаи худро ба Сироҷидин Аслов супорид
ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабри соли 2016 Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Юнусӣ нусхаҳои эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов тақдим намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо майли мутақобилро ҷиҳати таҳкими беш аз пеши ҳамкории созандаи ду кишвари ҳамҷавор дар ҳамаи заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид намуданд.
Атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзорҳои дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва комиссияҳои ҳамкории байни вилоятҳои ҳаммарзи ду кишвар табодули назар сурат гирифт»,-зикр кард манбаъ.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






