«Салом, модар! Ман туро дӯст медорам!» — аксияи ҷавонон

Декабрь 9, 2016 14:10

ДУШАНБЕ,09.12.2016./АМИТ «Ховар»/. «Салом, модар! Ман туро дӯст медорам!» — таҳти чунин унвон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аксияи тарбиявӣ эълон намуд, ки ҳадафи он эҳтиром ва бузургдошти модар, афзун намудани муҳаббати ҷавонону наврасон ба волидайн мебошад, ки яке аз суннатҳои азалии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар хабар доданд.

Барои иштирок дар аксияи мазкур, ки муддати як ҳафта идома хоҳад ёфт, сокинони касбу кори гуногун новобаста ба синну сол даъват карда шудаанд.

Масъулон ва волонтёрҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо телефони мобилӣ ва шиорҳои таблиғотӣ дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт гаштугузор намуда, ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод месозанд, ки ба модари худ занг зада, аз меҳру муҳаббати худ бо ибораи зебои «Ало, салом модар! Ман туро дӯст медорам!» паём расонанд ва хотирашро шод гардонанд.

Вобаста ба ин аксия дар сомонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маводҳои таблиғотию даъваткунанда низ ҷой дода шудаанд, ки дар яке аз онҳо мехонем:

«Модар қимматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро бо оламу одам ошно месозад. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ ва тобу бардошти ӯ касро ба ҳайрат меорад. Шоир беҳуда нагуфтааст:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид…».

Дар маводи дигар омадааст: «Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ одобу ахлоқ, донишу маърифат, сабақи накӯкорию ҷавонмардӣ, одаму одамгарӣ ва ватандӯстию шуҷоат мегирем. Канори модар нахустин мактаби омӯзиши мо ва мактаби бузургест. Ба зери болини кӯдак ниҳодани китоб ё муқаддасоти дигар рамзи худро дорад: модар мехоҳад, ки тифлаш сиҳату саломат ва бенуқс сабзида, айёми пирӣ мададгори ӯ гардад.

Оре, модар мисли Ватан  ягона ва беҳамтост, тавре устод Лоиқ Шералӣ фармудааст:

Ту монанди Замин танҳоӣ, Модар,

Ту монанди Замин яктоӣ, Модар!»

 

Бояд зикр намуд, ки аксияи мазкур, ки  бори аввал  аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад, қобили дастгирӣ ва пайравист ва доир кардани чунин маърака дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ аз аҳамияти калон  бархурдор хоҳад буд.

Декабрь 9, 2016 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид