Сармураббии собиқи «Зенит» бо клуби футболи осиёӣ шартнома баст

Декабрь 27, 2016 11:45

vilash-boashДУШАНБЕ, 27.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ сармураббии дастаи «Зенит»-и Санкт-Петербург Андре Виллаш-Боаш шартномаи кории худро бо КФ «Шанхай СИПГ» ба ҳайси сармураббии ин даста ба имзо расонд. Дар ин бора « Goal.com» хабар медиҳад.
Ин мураббии португалӣ дар ин вазифа Свен Эран Эриксони шведро, ки «Шанхай СИПГ» -ро давоми се сол машқ додааст, иваз кард. Сабаби ба истеъфо рафтани Эриксон натиҷаи ғайриқаноатбахши ҳунарнамоии даста дар соли охир маънидод мешавад.
Андре Виллаш-Боаш охири мавсими соли 2015-2016 «Зенит»-ро тарк кард. Ӯ ин дастаро дар мавсими соли 2015 ба гирифтани унвони Чемпиони Россия расонидааст. Баъди тарки вазифа то ин дам дар ягон ҷой фаъолият надошт.
Дар КФ «Шанхай СИПГ» собиқ бозингари дастаи «Зенит» Халк ҳунарнамоӣ дорад. Ӯ дар 7 вохӯрӣ ба дарвозаи ҳарифон 5 гол задааст.

Декабрь 27, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд