Сармураббии собиқи «Зенит» бо клуби футболи осиёӣ шартнома баст
ДУШАНБЕ, 27.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ сармураббии дастаи «Зенит»-и Санкт-Петербург Андре Виллаш-Боаш шартномаи кории худро бо КФ «Шанхай СИПГ» ба ҳайси сармураббии ин даста ба имзо расонд. Дар ин бора « Goal.com» хабар медиҳад.
Ин мураббии португалӣ дар ин вазифа Свен Эран Эриксони шведро, ки «Шанхай СИПГ» -ро давоми се сол машқ додааст, иваз кард. Сабаби ба истеъфо рафтани Эриксон натиҷаи ғайриқаноатбахши ҳунарнамоии даста дар соли охир маънидод мешавад.
Андре Виллаш-Боаш охири мавсими соли 2015-2016 «Зенит»-ро тарк кард. Ӯ ин дастаро дар мавсими соли 2015 ба гирифтани унвони Чемпиони Россия расонидааст. Баъди тарки вазифа то ин дам дар ягон ҷой фаъолият надошт.
Дар КФ «Шанхай СИПГ» собиқ бозингари дастаи «Зенит» Халк ҳунарнамоӣ дорад. Ӯ дар 7 вохӯрӣ ба дарвозаи ҳарифон 5 гол задааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






