Шартномаи нави Суарес бо «Барселона» ба имзо расид

Декабрь 16, 2016 11:54

ДУШАНБЕ, 16.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари уругвайии «Барселона» Луис Суарес шартномаи худро бо клуби каталонӣ ба имзо расонд. Дар ин бора сайти клуб хабар медиҳад.
«16 декабр дар бораи дароз кардани шартномаи Суарес бо КФ «Барселона» расман дар қароргоҳи клуб эълон хоҳад шуд. Тибқи шартномаи нав Суарес дар ҳайати даста то соли 2021 ҳунарнамоӣ мекунад, ки маблағи он ба 200 миллион евро ( 207,5 миллион доллар) баробар аст»,-менависад манбаъ.
Луис Суарес ба дастаи «Барселона» аз «Ливерпул»-и Англия тобистони соли 2014 гузашта, дар ин муддат дар ҳайати дастаи «Барселона» 116 бозӣ гузаронид ва муаллифи 97 гол шуд. Ду маротиба ба гирифтани унвони чемпиони Испания мушарраф шуда, ду маротибаи дигар соҳиби Ҷоми ин кишвар ва соли 2015 бо «Барселона» ғолиби Лигаи чемпионҳои Аврупо гардид. Дар мавсими соли 2016 дар Испания бо 40 тӯб нишонзани беҳтарини Ла Лига дониста шуд.
Луис Суарес дар ҳайати дастаи мунтахаби Уругвай ба дарвозаи ҳарифон 47 гол зада, дар 90 бозии даста ҳунарнамоӣ кардааст.

Декабрь 16, 2016 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад